Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт

Дар ин бора наздикону пайвандони ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ҷанозаи марҳум имрӯз дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам пас аз адои намози ҷумъа баргузор мегардад. Тоҷиддин Мардонӣ соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор дида ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Баъди анҷоми таҳсилоти ибтидоӣ дар зодгоҳи худ ба […]

Дар ин бора наздикону пайвандони ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи марҳум имрӯз дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам пас аз адои намози ҷумъа баргузор мегардад.

Тоҷиддин Мардонӣ соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор дида ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Баъди анҷоми таҳсилоти ибтидоӣ дар зодгоҳи худ ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозир ДМТ) дохил мешавад ва онро соли 1972 ба поён мерасонад.

Баъди хатми донишгоҳ ҳудуди 20 сол дар бахшҳои гуногуни Академияи илмҳои кишвар фаъолият карда, дар ин миён чанд сол дар Яману Ироқ тарҷумони забони арабӣ будааст.

Тоҷиддин Мардонӣ беш аз 10 сол, аз соли 1992 то соли 2004 ҳамчун дипломат дар вазифаҳои мухталиф дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, солҳои 1995-2001 дар Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон сафири Тоҷикистон будааст.

Баъди анҷоми корҳои дипломатӣ ӯ дигарбора ба самти илм баргашта, солҳои дароз дар Академияи илмҳои кишвар кор кардааст.

Тоҷиддин Мардонӣ муаллифи чандин асар ва беш аз 200 мақола будааст. Асарҳои ӯ иборатанд аз “Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”, “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”, “Равобити адабии Арабу Аҷам”, “Шеъри арабии Ибни Сино”, “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”, “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”, “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам”, “Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино, тадқиқот ва тарҷумаҳо”, “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ” ва “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форс-тоҷики асрҳои XI-XII”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.