Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод

Asia-Plus

Омӯзгоре, ки хонандагонро барои риоя накардани низоми либоси мактабӣ бо лаҳни тунд сарзаниш кард, аз ҷониби роҳбарияти мактаб огоҳии расмӣ гирифтааст. Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки ин нахустин огоҳии ӯ дар таҷрибаи касбиаш будааст.

Чанде қабл дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” наворе пахш гардид, ки мавриди муҳокимаи сахти корбарон қарор гирифт. Дар навор дида мешавад, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хонандагонро барои риоя накардани меъёрҳои либоси мактабӣ сахт танқид мекунад. Тавре дида мешавад, кӯдакон бо либосҳои рангоранг дар назди тахтаи синф рост истодаанд ва омӯзгор бо тундӣ аз онҳо мепурсад: “Ин чӣ гуна либос аст, шумо ба рӯзи таваллуд омадед?”

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарзи гуфтори омӯзгор изҳори норозигӣ карда, таъкид намудаанд, ки чунин муносибат метавонад ба ҳолати равонии хонандагон таъсири манфӣ расонад.

Ин вазъият миёни волидон низ баҳсҳоро ба вуҷуд оварда, дар натиҷа дар мактаб маҷлиси волидон баргузор шудааст. Дар маҷлис директори мактаб пешниҳод намудааст, дар сурати норозигии волидон омӯзгор иваз карда мешавад.

Дар Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки аксари волидон бо пешниҳоди мудири Литсей розӣ нашудаанд. Онҳо иброз кардаанд, ки омӯзгор яке аз беҳтарин кадрҳои таълимии мактаб мебошад.

“Волидон нахостаанд, ки омӯзгори фарзандонашонро иваз кунанд, чунки ӯ яке аз беҳтарин омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ аст”,-гуфтанд дар вазорат.

Бояд гуфт, ки наворе, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кард, тасодуфан аз ҷониби як омӯзгори дигар, ки мехостааст барои гурӯҳи волидон дар шабакаи иҷтимоии WhatsApp фиристад, сабт шудааст. Баъди нашри видио дар гурӯҳ, яке аз волидон онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илм аҳамияти риояи либоси тавсияшударо барои хонадагон, донишҷӯён ва омӯзгорон муҳим арзёбӣ мекунад. Мувофиқи тавсияҳои вазорат, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор, рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ ва ранг (маникюр) кардани нохунҳо манъ аст.

Ба писарон низ ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона ва гӯшвор манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода шудааст.

Дар бораи мамнуъиятҳо ва тағйироти нав дар низоми мактаб дар матлаби “Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?” мутолиа кунед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...