“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон

  “Амонатбонк” бо нашри хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ирсоли СМС-паёмак сокинонро аз қаллобон ҳушдор додааст. Бонк рақамҳои қаллобонро паҳн намуда, аз мизоҷони худ хоҳиш дорад эҳтиёткор бошанд ва ба ҳеҷ кас маълумоти шахсиву рақами корташонро нагӯянд. Дар изҳороти бонк зикр мешавад, ки рӯзҳои охир қаллобон фаъол шуда, тариқи телефони мобилӣ ба мизоҷони “Амонатбонк” занг […]

 

“Амонатбонк” бо нашри хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ирсоли СМС-паёмак сокинонро аз қаллобон ҳушдор додааст. Бонк рақамҳои қаллобонро паҳн намуда, аз мизоҷони худ хоҳиш дорад эҳтиёткор бошанд ва ба ҳеҷ кас маълумоти шахсиву рақами корташонро нагӯянд.

Дар изҳороти бонк зикр мешавад, ки рӯзҳои охир қаллобон фаъол шуда, тариқи телефони мобилӣ ба мизоҷони “Амонатбонк” занг зада, худро корманди “Амонатбонк” муаррифӣ менамоянд ва бо баҳонаҳои “тамом шудани муҳлати корт” ё “тафтиши корт” рақаму рамзи онро талаб мекунанд.

“Ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғи қаллобон оид ба гузаштани муҳлати корти худ ва пешниҳод намудани рамзҳои махфӣ  бовар накунед ва маълумоти худро ба ҳеҷ кас надиҳед”, – тавсия медиҳад “Амонатбонк”. 

 

Ба иттилои бонк, қаллобон аз рақамҳои зерин истифода бурдаанд: 964289353, 937423046, 914833206, 914885277.

Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо қаллобон метавонед тариқи рақамҳои 1885 ба “Амонатбонк” муроҷиат намоед.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раиси ҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд. 

Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.