Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд

Asia-Plus

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар рӯзи 16-уми ноябр пурра иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод дар сомонааш навишт, ки иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум, баланд гардидани масъулияти ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари хидмат ва фаъолияти хуби комиссияҳои даъватӣ рабт дорад.

Вазорат гуфтааст, бо вуҷуди он ки нақша пурра иҷро шуд, вале “бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон” фаъолияти комиссияҳои давъатӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад.

“Дар даъвати тирамоҳии имсола шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пешин ниҳоят зиёд буда, бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Вале коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунии даъватӣ аз сӯи бархе коммиссияҳои давъатӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.

Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии исмола дар мобайни моҳи ноябр дар ҳолест, ки соли гузашта хабари иҷрои даъвати тирамоҳӣ бо гузашти чанд рӯз аз анҷоми санаи расмии ин маърака расонаӣ шуда буд.

Имсол, аввал ВМКБ, баъдан, вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳру навоҳии тобеи марказ аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буданд.

Бо ин вуҷуд, сарусадо атрофи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имсол низ расонаӣ шуд. Ҳарчанд вазири дифоъ пеш аз оғози маъаракаи даъват гуфта буд, ки аз роҳҳои ғайриқонунии даъват даст кашанд ва даст ба фасод назананд

Новобаста ба ин, сарусадоҳо дар бораи “сарбозшикор” ё худ облава вуҷуд дошт ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ин робита нигаронӣ карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, баъди додани даъватнома агар ҷавонон ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомот ҳақ доранд, онҳоро зӯран ба коммисариат биёранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...