“Дарвозаҳои электронӣ”. Интизории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба поён мерасад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз моҳи декабр дар ҳама фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон “Дарвозаҳои электронӣ” ба истифода дода мешавад ва пас аз ин мусофирон тариқи дастгоҳ аз қайд мегузаранд. Дар ин робита қарори ҳукумат ба имзо расида, дар махзани Вазорати адлия нашр гардидааст. “Азия-Плюс” замимаи ин қарорро дастрас кард ва бо ҷузъиёти он шинос шуд.

 

Барои кам кардани вақти интизорӣ дар фурудгоҳҳо

Ба роҳ мондани “Дарвозаҳои электронӣ” ё худ ба қайдгирии автоматӣ аз аввали соли равон ба нақша гирифта шуда буд ва дар нимаи сол дастикам ду дастгоҳи мазкур дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб гардида ва ба таври таҷрибавӣ фаъол карда шуд.

Акнун бо тасвиби ин қарори ҳукумат аз рӯзи 1-уми декабр дар ҳама фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон “Дарвозаҳои электронӣ” фаъолият хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати кишвар ин навовариро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба мусофирон ва кам кардани вақти интизорӣ дар фурудгоҳҳо ҷорӣ менамояд.

Солҳост мусофироне, ки аз фурудгоҳҳои кишвар парвоз мекунанд, аксаран аз интизории тӯлонӣ дар навбати назорати шиносномаҳо шикоят доранд. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, интизор меравад, ки ин мушкилӣ ҳалли худро ёбад.

 

Низоми автоматии санҷиши шиноснома

Баъд аз роҳандозӣ шудани “Дарвозаҳои электронӣ” мусофирон метавонанд бе муроҷиат ба корманди гузаргоҳи сарҳадӣ, мустақиман тавассути дастгоҳҳои махсус аз назорат гузаранд.

Ин таҷҳизот дар ду самт – ҳам барои мусофирони воридшаванда ва ҳам хориҷшаванда хизмат мерасонад. Ҳама шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд аз он истифода баранд.

Раванди гузаштан аз “Дарвозаҳои электронӣ” ин гуна аст: мусофир бояд ҳуҷҷати сафари худро ба дастгоҳи махсус гузорад. Пас аз он ки низом ҳуҷҷатро нусхабардорӣ мекунад, шахс ба дохили дастгоҳ медарояд. Дар он ҷо аксбардори худкор сурат мегирад. Ҳамаи ин амалҳо тақрибан як дақиқа вақт мегиранд.

 

Дигар дар шиносномаҳо муҳр намезананд

Яке аз бартариҳои асосии низоми нав он аст, ки дар шиносномаҳо дигар муҳр гузошта намешавад. Ҳамаи маълумот дар бораи вуруд ва хуруҷи мусофир ба таври худкор дар “Низоми идораи сарҳад ва раводид” сабт мегардад. Ин имкон медиҳад, ки саҳифаҳои шиноснома сарфа шаванд ва инчунин хатогиҳои техникӣ кам шаванд.

Низоми нав шаш намуди ҳуҷҷати сафарро қабул мекунад, аз ҷумла шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, дипломатӣ ва хидматӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои сафари СММ, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандон. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо бояд ба талаботи байналмилалии ИКАО (Созмони ҷаҳонии ҳавонавардии шаҳрвандӣ) ҷавобгӯ бошанд.

 

Ҳама маълумот дар “Низоми ягонаи раводид ва сарҳад” сабт мешавад​​​​​​​

Барои он ки низом бемамониат кор кунад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ уҳдадориҳои иловагӣ гирифтаанд. Онҳо бояд пеш аз парвоз рӯйхати пурраи мусофиронро бо ҳамаи маълумоти зарурӣ ба “Низоми ягонаи раводид ва сарҳад” ирсол намоянд.

Ин маълумот бояд ба талаботи махсуси техникӣ ҷавобгӯ бошад – масалан, ҷинси мусофирон бо ҳарфҳои лотинии M (мард) ва F (зан), номи кишварҳо бо рамзҳои сеҳарфаи ИКАО нишон дода шаванд.

 

Мақомот вазифадор гардидаанд, ки…​​​​​​​

Барои нигоҳубин ва хидматрасонии таҷҳизоти нав масъулияти якчанд мақомот муайян шудааст:

– маъмурияти фурудгоҳҳо бояд дастгоҳҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд. Қӯшунҳои сарҳадӣ ба истифодаи дурусти онҳо назорат мекунанд;

– Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ барои таъминоти техникӣ масъул аст;

– Агентии авиатсияи гражданӣ бошад, фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоиро дар ин самт назорат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ҳолатҳои алоҳида, ба хотири ҳифзи амният Қӯшунҳои сарҳадӣ метавонанд истифодаи “Дарвозаҳои электронӣ”-ро маҳдуд ё муваққатан манъ кунанд.

Инчунин, агар низом бо сабабҳои техникӣ мусофирро қабул накунад, шахс метавонад бо тартиби муқаррарӣ аз назорати сарҳадӣ гузарад.

Ба қавли масъулин, ҷорӣ намудани “Дарвозаҳои электронӣ” дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон на танҳо ба мусофирон имкон медиҳад, ки вақти худро сарфа кунанд, балки ба фурудгоҳҳо низ имкон медиҳад, ки шумораи бештари мусофиронро хидматрасонӣ намоянд.

Пас аз ба роҳ мондани бақайдгирии автоматии мусофирон тавассути низоми нав то куҷо интизории мусофирон кам ва хидматрасонӣ беҳтар мешавад, хоҳем дид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...