Иштироки ҷудокорони тоҷик дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии мавсими имсола

Чор нафар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба ҷудои силсилаи Тоскулоҳи бузург (Grand Slam) барои дарёфти медал ва имтизёҳо дар радабандӣ (рейтинг) қувваозмоӣ мекунанд. Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8 декабр дар Токио (Ҷопон) баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, айни замон барои иштирок дар мусобиқа 177 ҷудокор аз […]

Чор нафар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба ҷудои силсилаи Тоскулоҳи бузург (Grand Slam) барои дарёфти медал ва имтизёҳо дар радабандӣ (рейтинг) қувваозмоӣ мекунанд.

Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8 декабр дар Токио (Ҷопон) баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон барои иштирок дар мусобиқа 177 ҷудокор аз 42 кишвар сабтином шудаанд. Ин мусобиқаи охирини бузурги ҷаҳонӣ дар соли равон барои ҷудокорон аст.  

Мунтахаби Тоҷикистон аз гӯштингирон Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров (73 кг), Умед Раҷабов (90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) иборат аст.

Дар ин мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург ҷудокорон дар 14 дараҷаҳои вазн (7 байни заон ва 7 байни мардон) рақобат мекунанд.

Ба ҷуз дарёфти медалу имтиёзҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои инфиродӣ бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ карда мешаванд:

– барои ҷойи 1-ум – 5000 евро (варзишгар – 4000 евро, мураббӣ – 1000 евро)

– барои ҷойи 2-юм – 3000 евро (варзишгар – 2400 евро, мураббӣ – 600 евро)

– барои 2 ҷойи 3-юм – ҳар кадоме 1500 евро (варзишгар – 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).

Илова бар ин, ҷудокороне, ки дар ин мусобиқа соҳиби ҷоиза мешаванд, имтиёзҳо ба даст меоранд. Ҷудокорони соҳиби медали тилло 100 имтиёз (балл), медали нуқра – 700 имтиёз ва медали биринҷӣ – 500 имтиёз мегиранд. Ҷудокороне, ки зинаҳои аз 5 то 7-умро касб мекунанд, мутаносибан ба 360 ва 260 имтиёз соҳиб мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.