Муҳлати ҳабси тоҷикистониёни гумонбар ба амали террористӣ дар “Крокус” тамдид шуд

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, се моҳ дароз кард. Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир […]

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, се моҳ дароз кард.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати то 22 феврали соли 2025 дароз карда шавад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати гумонбарон ба амали террористӣ дар “Крокус” аллакай чандин маротиба тамдид шуд.

Рӯзи 16 август додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз кард.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дода, бар асари он 145 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 кас осеб диданд. Рӯзи дигар, 23 март дар вилояти Брянск 4 нафар гумонбарон боздошт шуданд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов.

Баъдан боз 7 нафар ҳаммаслакони эҳтимолии онҳо, аз ҷумла бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо, падари онҳо Исроил Исломов, инчнуин Алишер Қосимов, Лутфулло Назирмад, Ёқубҷон Юсуфзод ва Муҳаммад Шарифзод ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Ба иттилои директори Хадамоти федералии амният (ФСБ), дар доираи ин парванда ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Русия, амали террористони гумонбар ба ҳамла ба “Крокус” тариқи интернет аз ҷониби аъзои гурӯҳи “Вилояти Хуросон” (ҷиноҳи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон) ҳамоҳанг карда мешуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро метавонед дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.