Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард

Asia-Plus

Форуми байналмилалии "Digital Tajikistan", ки ба ҳолати ҳозира ва масъалаҳои мубрами рақамисозии бахши хизматрасониҳои молиявии савдои чакана ва саноати чаканафурӯшии Тоҷикистон бахшида шудааст, имрӯз, 25 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

Форум бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар намояндагони беҳтарин мудирият (менеҷмент) ва коршиносон иштирок доранд, ки соҳаҳои зеринро муаррифӣ мекунанд:

– ширкатҳои технологияи молиявӣ (финтех) ва стартапҳо, паркҳои иттилоотӣ, акселераторҳо;

– сармоягузорони хусуси венчурӣ, ширкатҳои сармоягузории венчурӣ;

– ширкатҳои технологияҳои итттилоотӣ, телекоммуникатсия, ҳамгиросозон (интеграторҳо);

– коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ дар соҳаи саноати бонкдорӣ ва пардохт;

– роҳбарони шабакаҳои савдои чакана, e-commerce, ширкатҳои савдои яклухт, МС;

-низомҳои пардохт;

– агентиҳои таҳқиқотӣ ва ширкатҳои консалтингӣ.

Барномаи Форум аз баррасии ҷанбаҳои бештар муҳими рушди минбаъдаи ҷомеаи рақамии муосири Тоҷикистон иборат аст, аз ҷумла AI (зеҳни сунъӣ), e-GOV (ҳукумати электронӣ), тағйироти бонкӣ, технологияи молиявӣ (финтек), сybersecurity (амнияти киберӣ), саноати чаканафурӯшӣ, хизматрасониҳои оммавии фосилавӣ ва ҳамчунин муколамаи мутақобилан судманди онҳо, ки барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон равона шудааст.

Ба стартапҳо, платформаҳои санҷишҳои танзимгар ва ҳамгироии бонкҳо бо ширкатҳои телекомуникационӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии PLUS Group бо дастгирии Агентии инноватсия ва рақамисозии назди Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...