Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард

Форуми байналмилалии "Digital Tajikistan", ки ба ҳолати ҳозира ва масъалаҳои мубрами рақамисозии бахши хизматрасониҳои молиявии савдои чакана ва саноати чаканафурӯшии Тоҷикистон бахшида шудааст, имрӯз, 25 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Форум бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон […]

Форуми байналмилалии "Digital Tajikistan", ки ба ҳолати ҳозира ва масъалаҳои мубрами рақамисозии бахши хизматрасониҳои молиявии савдои чакана ва саноати чаканафурӯшии Тоҷикистон бахшида шудааст, имрӯз, 25 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

Форум бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар намояндагони беҳтарин мудирият (менеҷмент) ва коршиносон иштирок доранд, ки соҳаҳои зеринро муаррифӣ мекунанд:

– ширкатҳои технологияи молиявӣ (финтех) ва стартапҳо, паркҳои иттилоотӣ, акселераторҳо;

– сармоягузорони хусуси венчурӣ, ширкатҳои сармоягузории венчурӣ;

– ширкатҳои технологияҳои итттилоотӣ, телекоммуникатсия, ҳамгиросозон (интеграторҳо);

– коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ дар соҳаи саноати бонкдорӣ ва пардохт;

– роҳбарони шабакаҳои савдои чакана, e-commerce, ширкатҳои савдои яклухт, МС;

-низомҳои пардохт;

– агентиҳои таҳқиқотӣ ва ширкатҳои консалтингӣ.

Барномаи Форум аз баррасии ҷанбаҳои бештар муҳими рушди минбаъдаи ҷомеаи рақамии муосири Тоҷикистон иборат аст, аз ҷумла AI (зеҳни сунъӣ), e-GOV (ҳукумати электронӣ), тағйироти бонкӣ, технологияи молиявӣ (финтек), сybersecurity (амнияти киберӣ), саноати чаканафурӯшӣ, хизматрасониҳои оммавии фосилавӣ ва ҳамчунин муколамаи мутақобилан судманди онҳо, ки барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон равона шудааст.

Ба стартапҳо, платформаҳои санҷишҳои танзимгар ва ҳамгироии бонкҳо бо ширкатҳои телекомуникационӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии PLUS Group бо дастгирии Агентии инноватсия ва рақамисозии назди Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.