Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони сурх ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шаҳри Маскав даъват кард. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев хабар додааст.

“Мо даъватнома аз президенти Русия Владимир Путинро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 май дар Майдони сурх супурдем”, – хабар додааст ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои дипломат.

Сафир таъкид доштааст, ки соли оянда раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудааст.

Семён Григорев бар ин назар аст, ки мавзӯи 80-солагии Ғалаба дар сатҳҳои баланд баррасӣ хоҳад шуд.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав иштирок кард. Он замон сафари кории президенти Тоҷикистон ба Русия низ бо даъвати Владимир Путин сурат гирифт.

Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошта буд, ки масоили марбут ба муҳоҷирон ба муносибатҳои Путин ва Раҳмон таъсир намерасонанд.

“Муносибатҳои сарварони давлатҳо самимиву дӯстона аст. Онҳо ҳамдигарро хуб медонанд, суҳбату гуфтушунид мекунанд ва инро мехоҳанд”, – изҳор дошт ӯ дар посух ба савол дар бораи таъсири мавзӯи муҳоҷирон ба муносибатҳо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...