Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард

Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони сурх ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шаҳри Маскав даъват кард. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев хабар додааст. “Мо даъватнома аз президенти Русия Владимир Путинро ба […]

Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони сурх ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шаҳри Маскав даъват кард. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев хабар додааст.

“Мо даъватнома аз президенти Русия Владимир Путинро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 май дар Майдони сурх супурдем”, – хабар додааст ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои дипломат.

Сафир таъкид доштааст, ки соли оянда раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудааст.

Семён Григорев бар ин назар аст, ки мавзӯи 80-солагии Ғалаба дар сатҳҳои баланд баррасӣ хоҳад шуд.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав иштирок кард. Он замон сафари кории президенти Тоҷикистон ба Русия низ бо даъвати Владимир Путин сурат гирифт.

Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошта буд, ки масоили марбут ба муҳоҷирон ба муносибатҳои Путин ва Раҳмон таъсир намерасонанд.

“Муносибатҳои сарварони давлатҳо самимиву дӯстона аст. Онҳо ҳамдигарро хуб медонанд, суҳбату гуфтушунид мекунанд ва инро мехоҳанд”, – изҳор дошт ӯ дар посух ба савол дар бораи таъсири мавзӯи муҳоҷирон ба муносибатҳо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.