Рухсатнома барои боркашонии транзитӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шурӯъ аз рӯзи 21-уми ноябр рухсатнома барои боркашонии транзитӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шудааст ва мошинҳои боркаш метавонанд бидуни он ҳудуди давлатҳои ҳамдигарро убур кунанд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз вазорат гуфтанд, ки онҳо пас аз тасвиби созишнома аз сӯи палатаи поёнии парлумон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи иҷрои расмиёти дохилӣ барои лағви рухсатнома огоҳ кардаанд.

Вале ҷониби Ӯзбекистон дар бораи бекор кардани рухсатнома бо Тоҷикистон то ҳол расман хабар надодааст.

Бар асоси маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, акнун мошинҳои боркаши ду кишвар метавонанд тариқи транзит ба таври озод, бе зарурати гирифтани рухсатнома, ҳудуди кишварҳои ҳамдигарро убур кунанд.

Масъули як ширкати боркашонӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, чанд рӯз боз мошинҳои боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон бе рухсатнома равуо мекунанд, вале барои рафтан ба кишвари сеюм тавассути Ӯзбекистон он лозим аст.

“Танҳо транзит байни ду кишвар аз байн рафтааст. Як-ду нафар ронандаи дигар ширкатҳо баъди лағви иҷозатнома сарҳадро убур карданд. Онҳо гуфтанд, ки транзит аз байн бардошта шудааст, аммо агар ба тариқи Ӯзбекистон ба дигар кишвар рафтан хоҳӣ “дозвол” лозим мешавад”, – гуфтанд аз ширкати боркашонӣ.

Қаблан, барои аз қаламрави Ӯзбекистон гузаштани мошинҳои калонҳаҷми боркаш рухсатнома лозим буд, ки дар моҳҳои охир арзиши он баҳсбарангез гардид.

Аз ҷумла, моҳи январи соли равон ронандагон дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” аз мушкилоти дарёфти рухсатнома шикоят карданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин монеа сафарҳои тиҷоратии онҳоро сахт маҳдуд кардааст. Он замон Азим Иброҳим, вазири нақлиёт гуфта буд, ки ин санадро на худашон нашру дастрас мекунанд, балки аз Ӯзбекистон мегиранд.

Рухсатномаи баркашонӣ ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешуд.

Ёдовар мешавем, ки протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018  дар чаҳорчӯби сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел ба имзо расида буд. Онро моҳи сентябри соли равон парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...