Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад

Asia-Plus

Раиси бонки ВТБ Андрей Костин изҳор доштааст, ки дар Русия камбуди ҷиддии қувваи корӣ ба миён омада, аз ин рӯ, кишвар ба муҳоҷирон ниёз дорад. Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи пленарии Форуми IX байналмилалии Донишгоҳи молиявӣ таҳти унвони «Сиёсати нави иқтисодӣ 2.0: аз мутобиқшавӣ ба ҷаҳиш» изҳори назар кардааст. Дар ин бора ntv.ru хабар медиҳад.

Костин бар ин назар аст, ки норасоии қувваи корӣ рушди иқтисоди Русияро маҳдуд мекунад. Номбурда ин вазъиятро «фалокатбор» номидааст.

«Дарвоқеъ, танқиди муҳоҷирон дар мо кори осон аст. Лекин, дӯстон, имрӯз бидуни муҳоҷирон иқтисоди мо аз нафаскашӣ бозмемонад, мо хоҳ-нохоҳ бояд ин масъаларо ҳал кунем. Албатта, осонакак метавон онҳоро хориҷ кард, лекин касе кор ҳам бояд кунад », — изҳор доштааст роҳбари бонк.

Костин зикр кардааст, ки дар Корпоратсияи муттаҳидаи киштисозӣ, ки идоракуниаш ба ихтиёри ВТБ супурда шуд, норасоии қувваи корӣ вобаста ба ихтисосҳо аз 10% то ба 20% мерасад.

Ба иттилои интернет-газетаи Столетие, қаблан шабакаи аудиторию машваратии FinExpertiza хабар дода буд, ки дар Русия норасоии рекордии қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад.

Вазъияти аз ҳама душвори норасоии қувваи корӣ дар вилояти Амурск ба назар мерасад, ки он ҷо ба як бекор 29 ҷойи корӣ пешниҳод шудааст. Дар вилояти Ленинград — 25 ҷойи корӣ ба як бекор, дар вилояти Нижний Новгород — 22 ҷой, дар вилояти Тула — 20 ҷой ва дар вилояти Орёл — 13 ҷойи корӣ ба як бекор рост меояд.

Дар минтақаи Краснодар талабот 80,7 ҳазор нафар ва дар Маскав —79,7 ҳазор зиёдтар аз шумораи корҷӯён буд. Дар ҳамин ҳол, дар Ингушетия танҳо 0,01 ҷойи корӣ, дар Чеченистон — 0,1 ҷой,  дар Тува ва Доғистон — 0,5 ҷой ба як корҷӯ пешниҳод шудааст.

Дар охири моҳи сентябр корфармоёни Русия ба 2 млн нафар коргар ниёз доштанд.

Ба идораҳои шуғл 392 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд. Яъне корҷӯён метавонистанд танҳо аз панҷ як ҳиссаи норасоии қувваи кориро пӯшонанд. Ин нишондиҳандаи камтарин аз соли 2005 ба ҳисоб меравад. Норасоии қувваи корӣ аз соли 2022 оғоз ёфта, ба ҳар корҷӯ 2,4 ҷойи корӣ рост меомад. Дар соли 2023 талабот ба кормандони нав боз 6% зиёд шуд.

Камбуди аз ҳама зиёдтарини қувваи корӣ дар соҳаи савдо, махсусан савдои чакана ба назар мерасад. Норасоӣ дар ширкатҳои посбониву муҳофизатӣ ва тозакунӣ, инчунин дар соҳаи фаъолияти маъмурӣ низ мушоҳида мешавад.

Маълумотнома

Бонки «ВТБ»  (ихтисор аз “Внешний торговый банк” Бонки савдои хориҷӣ ) — бонки тиҷоратии универсалии Русия бо иштироки давлат мебошад. Ин сохтори асосии Гурӯҳи ВТБ ба ҳисоб меравад. Конгломерати молиявӣ буда, 60,9%-и саҳмияҳои одии бонк ба давлат тааллуқ дошта, 39,1% боқимонда дар муомилоти озод қарор доранд. Бо дарназардошти саҳмияҳои имтиёзнок, 92% сармояи саҳҳомии гурӯҳ зери назорати давлат қарор дорад.

Аз рӯи ҳаҷми дороиҳо дуюмин бонки бузургтарини Русия ва аз лиҳози ҳаҷми сармояи оинномавӣ бузургтарин бонк мебошад. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Маскав ҷойгир шуда, худи бонк дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.

Аз 1 январи соли 2018 ВТБ ба худ бонки фаръии ВТБ24-ро ҳамроҳ намуд. Бонк дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Олмон, Италия, Британияи Кабир ва Кипр бонкҳои фаръӣ ё вобаста дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...