Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем

Аз Хуҷанд ба Новосибирск ва баръакс дар ду рӯз як бор автобус  ҳаракат мекунад. Маълум кардем, ки он аз куҷо, тариқи кадом масир, чанд рӯз ҳаракат мекунад ва барои ин чанд пул пардохт бояд кард. Тоҷикистон ва Русия барои барқарор кардани хатсайри автобус миёни шаҳрҳои Новосибирск ва Хуҷанд ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора Вазорати […]

Аз Хуҷанд ба Новосибирск ва баръакс дар ду рӯз як бор автобус  ҳаракат мекунад. Маълум кардем, ки он аз куҷо, тариқи кадом масир, чанд рӯз ҳаракат мекунад ва барои ин чанд пул пардохт бояд кард.

Тоҷикистон ва Русия барои барқарор кардани хатсайри автобус миёни шаҳрҳои Новосибирск ва Хуҷанд ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Русия иттилоъ додааст. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ин хатсайр нав набуда, айни ҳол амал мекунад, танҳо ҷониби Русия онро бо назардошти баъзе дигаргуниҳо дар ҷадвали ҳаракат аз нав ба расмият медарорад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, мактуб ба ҷониби Русия хеле барвақт ирсол шуда буд ва то имрӯз бояд тасдиқ мегардид. Вале бо сабабҳои номаълум он ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Бо вуҷуди ин, хатсайри мазкур дар ҳоли ҳозир мувофиқи ҷадвал ба интиқоли мусофирон машғул аст.

Аз Вазорати нақлиёт гуфтанд, хатсайри мазкур аз рӯйи ду ҷадвал ҳаракат мекунад. Мувофиқи ҷадвали аввал автобус аз шаҳри Хуҷанд дар ду рӯз як бор соати 22:20 ҳаракат мекунад ва баъди 50 соату 30 дақиқа соати 3:25 ба шаҳри Новосибирск мерасад. Аз Новосибирск бошад, боз ҳам дар ду рӯз як бор соати 10:25 ҳаракат карда, баъди муддати зикршуда соати 10:40 ба Хуҷанд мерасад.

Мувофиқи ҷадвали дуюм бошад аз шаҳри Хуҷанд соати 12:15 ҳаракат карда, соати 16:45 ба Новосибирск мерасад. Аз ҷониби Русия соати 14:30 ба роҳ мебарояд ва 15:00 ба Хуҷанд мерасад.

Гуфта мешавад, ки автобус дар ин масир аз ҳудуди Ӯзбекистон ва Қазоқистон убур карда, аз гузаргоҳҳои сарҳадии “Фотеҳобод – Ойбек” (миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон), “Гишткуприк – Жибекжоло” (миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон) ва “Тосаг – Павловка” (миёни Қазоқистон ва Русия)  гузар мекунад.

Роҳкиро аз ҷониби Тоҷикистон 1000 сомонӣ ва аз ҷониби Русия 9 ҳазор рубли русӣ (923 сомонӣ бо қурби 26.11.24) аст.

Бояд гуфт, равуои автобусу қатора дар аксар масирҳо байни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз соли 2020 дар замони пандемияи COVID-2019 қатъ гардида буд. Баъди беҳ шудани вазъ баъзе аз хатсайрҳо ҳаракатро дубора барқарор карданд. Аз ҷумла ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон моҳи апрели соли 2023 равуои мунтазами автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав барқарор намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.