Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд

Дар нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли 2024 тағйироти гуногун мушоҳида шуд — баъзе маҳсулот қимат шуда, вале арзиши бархе аз маҳсулоти дигар поин рафт. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба сабзавоту мева, шакар ва орд ба таври назаррас поин рафтанд. Дар ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли 2024 тағйироти гуногун мушоҳида шуд — баъзе маҳсулот қимат шуда, вале арзиши бархе аз маҳсулоти дигар поин рафт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба сабзавоту мева, шакар ва орд ба таври назаррас поин рафтанд. Дар ин давра лимӯ (лимон) 16,4%, себ – 2,4%, ангур – 1,6% арзон шуда, нархи пастттарини себ дар бозорҳо моҳи октябр 4,80 сомонӣ ва лимон – 5,50 сомониро ташкил дод.

Нархи сабзавот ба сурати умум 4,7% поин рафт. Ба ин тариқ, сабзӣ 20,3%, пиёз – 3,7%, картошка – 1,7 арзон шуда, нархи пасттарини сабзӣ 1,46 сомонӣ ва картошка – 4,00 сомониро ташкил медиҳад.

Шакар (қанд) 9,5% арзон шуда, ҳоло нархи пасттарини 1 килои он 10,70 сомониро ташкил медиҳад. Орди истеҳсоли маҳаллӣ дар муқоиса бо аввали сол ба таври назаррас – 9% арзон шуд.

Коршиносон поинравии нархҳоро ба ин маҳсулот ҳам ба омилҳои мавсимӣ ва ҳам афзоиши истеҳсол дар дохили кишвар рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, болоравии назарраси нархҳо ба дигар маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад. Аз ҳама зиёдтар маснуоти ширӣ ва гӯштӣ, инчунин баъзе сабзавот қимат шуданд.

Шир 8,8% (1 литр ба ҳисоби миёна 6,53 сомонӣ) қимат шуд. Арзиши ҷурғот (кефир) то ба 18 сомонӣ расида, 1 кило панир (сир)-и маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 87,6 сомонӣ ва 1 кило равғани маска (сливочное масло) – 100 сомонӣ нарх доранд.

Байни маснуоти гӯштӣ аз ҳама бештар нархи гӯшти гов ба андозаи 26,2% ва гӯшти гӯсфанд – 17,3% боло рафта, 1 килои гӯшти лаҳм имрӯз бо нархи 100-120 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нисбат ба моҳи гузашта баъзе навъи сабзавот қимат шуд. Масалан, болоравии нарх ба бодиринг 18,9%-ро ташкил дода, нархи 1 кило ба ҳисоби миёна то 10 сомонӣ зиёд шуд.

Арзиши қаланфури булғорӣ 10,2% ва помидор – 7,5 боло рафта, дар муқоиса бо аввали сол биринҷ зиёда аз 9% қимат шуд.

Коршиносон болоравии нархҳоро ба омилҳои мавсимӣ ва афзоиши хароҷот ба истеҳсолу хароҷоти нақлиёт ва захираи маҳсулот (логистика) марбут медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.