Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” оғоз шуд. Он дар ду давр баргузор мешавад ва даври аввал аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мегардад.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” меъёри интихоб барои иштирок ва ғолибият дар озмунро шарҳ доданд.

 

Ҳадафи озмун чӣ аст?

Ба қавли як масъули ин Кумита, озмун дар саросари кишвар гузаронида мешавад ва ҳадафи он баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.

“Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тақвияти меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар р=ҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд”, – гуфт ин масъули Кумита.

 

Кӣ метавонад иштирок кунад?

Оилаҳое, ки намунавӣ ҳастанд, метавонанд дар ин озмун иштирок кунанд. Рӯйхати чунин оилаҳо дар идораи ҷамоатҳои ҳар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд будааст.

“Ҳамсарон бояд фарзандони солиму солеҳро дар муҳити хонаводагӣ тарбия карда, барои таҳсили онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда бошанд. Дар хонаводаашон китобхонаи шахсӣ дошта бошанд, бояд фарзандонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда тавонанд. Яъне, ҳамсарон имконият барои камолоти намунавии фарзанд фароҳам оранд”, – гуфт намояндаи ин ниҳод.

Ӯ зикр кард, ки ҳангоми интихоб доварон муносибати ҳамсаронро ба назар мегиранд. Онҳо бояд муносибати намунавӣ дошта бошанд, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок карда, дар ободии ҷойи зисташон саҳм гузоранд.

Онҳое, ки  тибқи меъёрҳои зикршуда зиндагӣ доранд ва муносибат мекунанд, метавонанд барои иштирок дар озмун худро номнавис кунанд.

Барои номнавис кардан, пешниҳоди нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди аҳли хонавода зарур аст.

Ғолибони даври аввал аз ҳар минтақаи кишвар ба таври зерин интихоб мешаванд:

– шаҳри Душанбе – 2 ҳамсар;

– вилояти Суғд – 3 ҳамсар;

– вилояти Хатлон – 4 ҳамсар;

– ВМКБ – 2 ҳамсар;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 ҳамсар.

Ин 14 ҳамсари ғолиб дар минтақаҳо ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоиро пайдо мекунанд.

 

Ғолиб чӣ гуна муайян мешавад?

Ба иттилои намояндаи Кумита, ғолибро ҳайати ҳакамон интихоб мекунад. Аммо ҳайати ҳакамон чӣ гуна интихоб шудааст, маълум нест.

Намояндаи Кумита таъкид мекунад, ки ҳайати ҳакамон бо ҳар як иштирокчии даври ниҳоӣ аз наздик сӯҳбат мекунанд, бо шароити молӣ ва маънавии хонавода шинос мешаванд.

“Аз муҳити оиладории онҳо навор ҳам гирифта мешавад. Дар баробари ин, ҳамсарон ҳуҷҷатҳои лозимӣ, диплому ҷоизаҳои худ ва фарзандонашон, дастоварду муваффақиятҳои худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд”, – гуфт намояндаи Кумита.

Ӯ зикр кард, ки ҳангоми интихоби ғолиб афзалият ба марди хонавода дода мешавад, зеро “нақши мард дар муҳити хонавода калидӣ аст”.

“Андешаи он ки мард танҳо таъминкунандаи оила аст ва тарбияи фарзандон бар зиммаи танҳо модар аст, ғалат мебошад. Чун нақши ҳарду дар тарбияи фарзанд муҳим аст ва дар ин масъала падари хонавода низ бояд таваҷҷуҳ дошта бошад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аз рӯйи низомномаи озмуни мазкур миёни ҳамсарон бояд “марди оила ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, ба маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила самҳгузор бошад”.

Дар ниҳоят, ба як нафар ғолиби даври ниҳоӣ шоҳҷоиза тақдим мегардад. Ҳамчунин, ба 1 нафар ҷойи якум, ба 2 нафар ҷойи дуввум ва ба 3 нафар ҷойи сеюм супорида мешавад.

Ҳафт иштирокчии фаъоли даври ниҳоӣ бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мешаванд.

Аммо маблағи туҳфа маълум нест.

Бояд гуфт, ки озмун бо ташаббуси  Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...