“Мо ба касе паёмак ирсол накардаем”. Ҳушдори “Почтаи тоҷик” аз қаллобон

Ду рӯзи охир ба сокинон гӯё аз номи Почтаи Тоҷикистон ба таври оммавӣ дар бораи ба номашон омадани бастаи почтавӣ паёмак ирсол гардид. Дар “Почтаи тоҷик” гуфтанд, ин кори қаллобон аст ва сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуданд.  Паёмак аз рақами +63 930-329-87-25 бо забони русӣ ирсол гардидааст.  “Бастаи почтавии шумо ба анбор ворид шуд, вале […]

Ду рӯзи охир ба сокинон гӯё аз номи Почтаи Тоҷикистон ба таври оммавӣ дар бораи ба номашон омадани бастаи почтавӣ паёмак ирсол гардид. Дар “Почтаи тоҷик” гуфтанд, ин кори қаллобон аст ва сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуданд. 

Паёмак аз рақами +63 930-329-87-25 бо забони русӣ ирсол гардидааст. 

“Бастаи почтавии шумо ба анбор ворид шуд, вале бо сабаби нопурра ишора шудани суроға, мо наметавонем онро бурда расонем. Лутфан, аз замимаи зер истифода бурда, давоми 12 соат суроғаи худро тасдиқ кунед”, – навишта шудааст дар паёмак аз номи “Почтаи тоҷик”.

Ҳамчунин, аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки ба ин паёмак бо паёми “Y” ҷавоб диҳанд. 

Барои тафтиши ин паёмак “Азия-Плюс” ба “Почтаи тоҷик” муроҷиат кард. Дар ин ниҳод гуфтанд, онҳо ба ин паём робитае надоранд ва ин кори қаллобон аст.

“Аз сокинон хоҳиш мекунем, то эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна паёму зангҳо бовар накунанд. Онҳо метавонанд дилхоҳ маълумотро оид ба почта тариқи рақамҳои 227-69-39, 227-86-64 ва 227-47-23 пайдо намоянд”, – илова караданд дар “Почтаи тоҷик”.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Амонатбонк”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раиси ҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд. 

Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.