Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Як масъули ширкати “Барқи тоҷик” дар пайи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар ва расонаӣ гардидани хабари қарордоди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон матлабе навиштааст, ки онро “Ҷумҳурият” чоп кардааст. Муҳтавои асосии матлаби масъули ин ширкат дар хусуси сабабҳои ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар, интиқоли барқ ба Афғонистон, сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои сарфакории барқ мебошад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, як масъули дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” дар мақолаи худ навиштааст, ки ҳар сол дар фасли зимистон маҷрои оби нерӯгоҳҳо кам мегардад, ки сабаби ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ дар кишвар шудааст. Ба қавли ӯ, дар ин давра захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон – обанбори неругоҳи “Норак” аст, ки ҳангоми кам шудани маҷрои дарё, аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол мешавад.

Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, аз рӯйи омор ба обанбори Норак дар тобистон дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад, аммо дар давраи зимистон воридоти об то ба 100 – 150 мукааб метр сония кам мешавад.  

“Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин намоем”, – навиштааст Ёдгорӣ.

Ӯ дар посух ба саволи “чаро неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданду маҳдудият боқӣ мондааст?” навиштааст, ки бо зиёд шудани теъдоди аҳолии Тоҷикистон талабот ба барқ низ бештар гардидааст.

“Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд”,- таъкид кардааст Ёдгорӣ.

Ёдгорӣ навиштааст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон “барои таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

“Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем”, – гуфтааст ӯ.

Нозирҷон Ёдгорӣ дар шарҳи интиқоли барқ ба Афғонистон навиштааст, ки дуруст аст “мо бо Ширкати “Брешно” барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад”.

Ин нуктаро чанде пеш Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” низ ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд.

Ӯ гуфта буд, тибқи шартномаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мо ба кишвари ҳамсоя танҳо давоми моҳи май-сентябр барқ интиқол медиҳем ва “ин ба маҳдудияти давраи зимистон ягон алоқамандӣ надорад ва аз даврае, ки маҳдудият дар дохили кишвар шуруъ мегардад, барқи истеҳсолшуда танҳо дар дохили Тоҷикистон истифода мешавад”.

Ду сол пеш аз ин ширкат гуфта буданд, ки дар фасли зимистон “барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ интиқол дода мешавад”.

Бояд гуфт, сухан аз шартномае меравад, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад. Ахири ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад. Ин протоколро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” ва аз ҷониби Афғонистон ширкати “Брешно” имзо мекунанд. Маротибаи охир онҳо ҳамин моҳ ва барои соли 2025 дар Туркия қарордод имзо кардаанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ омили муассири таъмини аҳолӣ бо барқро дар сарфаи он маънидод кардааст. Ӯ гуфтааст, дар замони маҳдудияти барқ аҳолии кишварро лозим аст, ки дар хона ва корхонаҳои худ “маҳдудият”-и худиро ворид ва риоя намоянд.

“Агар ҳар муштарӣ дар зимистон дар як шабонарӯз 1 киловат неруи барқ сарф намояд, дар як рӯз баробар мешавад ба 1 800 000 киловатт соат. Бо ин миқдор барқ, масалан шаҳри Кӯлоб ё Бохтар метавонад як шабонарӯз бо барқ таъмин шавад”, – таъкид кардааст намояндаи ширкати Барқи тоҷик.

Ёдгорӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки омили дигари беҳдошти таъминот пардохти пурра ва саривақтии маблағи барқи истифодашуда аст.

“Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки насия дода мешавад, пардохт намоем”, – гуфтааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд. Баъзе сокинони манотиқи кишвар аз он шикоят доранд, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ, ки аз ҷониби “Барқи тоҷик” муқаррар шудааст, на ҳамеша риоя мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...