Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд

Зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиши дониши забони русӣ, ки моҳи октябр дар мактабҳои Русия гузаронида шуд, муваффақона гузаштанд. Зиёда аз 23% кӯдакон дар омӯзиш мушкилот дошта, тақрибан 18% забонро хуб ё  тамоман намедонанд. Тавре ки хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон Ксения Габдрахманова изҳор доштааст, ки санҷиш […]

Asia-Plus

Зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиши дониши забони русӣ, ки моҳи октябр дар мактабҳои Русия гузаронида шуд, муваффақона гузаштанд. Зиёда аз 23% кӯдакон дар омӯзиш мушкилот дошта, тақрибан 18% забонро хуб ё  тамоман намедонанд.

Тавре ки хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон Ксения Габдрахманова изҳор доштааст, ки санҷиш дар доираи мониторинги ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ дар низоми таълимии умумии Русия гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиш ба таҳқиқи вазъи кунунии таълими кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла санҷиши донистани забон ва барномаҳои мутобиқшавӣ нигаронида шудааст. Мониторинг (пайгирӣ) бо ибтикори Вазорати маорифи Русия анҷом дода шудааст.

Бар асоси маълумоти мониторинг, дар оғози соли хониши 2024/25 аз санҷиши донистани забон 154,8 ҳазор кӯдаки шаҳрвандони хориҷӣ гузаштаанд, ки 74,4% аз теъдоди умумии кӯдакони муҳоҷиронро дар муассисаҳои таълимии Русия дар тамоми сатҳҳо ташкил медиҳад.

Мониторинг дар саросари кишвар гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар 28 минтақаи Русия 100% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиш гузаштанд. Дар 32 минтақаи дигар ҳиссаи кӯдаконе, ки санҷишро гузаштанд, аз 80% то 99,9%, боз дар 16 минтақаи дигар аз 60% то 79,9% ва дар 12 минтақа – аз 20% то 59,9%-ро ташкил медиҳад.

Тавре ки дар тавсияҳои методии гузаронидани санҷиш гуфта мешавад, хонандагоне, ки санҷишро гузаштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ё дар сатҳи одӣ медонад; кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи заминавӣ медонанд, яъне дар таҳсил бо забони русӣ бояд дастгирӣ шаванд ва кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи шартан пешрафта медонанд.

Барои кӯдаконе, ки забонро намедонанд, муаллифон тавсия медиҳанд, ки ба онҳо на камтар аз 40 дарс барои омӯхтани забони русӣ баргузор кунанд. Барои кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи заминавӣ медонанд, тавсия дода мешавад, ки бо онҳо дар як ҳафта ду маротиба дарсҳои иловагии беруназсинфӣ гузаронида шаванд ва барои кӯдаконе, ки забони русиро хуб медонанд – дар як ҳафта як маротиба бо таваҷҷуҳ ба мутобиқшавӣ ба ҷомеа ва фарҳанг машғулиятҳо гузаронида шаванд.

Тавре ки яке аз муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба РБК гуфтааст, имсол санҷишҳо хеле осонтар шуданд. Ба ақидаи ӯ, барои кӯдаконе, ки ҳатто забони русиро бад медонанд, набояд дар гузаштан аз санҷиш мушкилиҳо пеш ояд. Ӯзикр кард, ки барои ноил гардидан ба сатҳи пешрафта, кофист, ки ними вазифаҳо дуруст иҷро карда шаванд ва имтиёзҳо (баллҳо) ба гуфтаи ӯ, ба осонӣ ба даст меоянд.

Моҳи ноябр ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, ки дар сурати тасдиқи он, қабули кӯдакони хориҷӣ, ки забони русиро бад медонанд, манъ хоҳад шуд. Мувофиқи лоиҳаи қонун, санҷиши дониши забони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ хоҳад шуд.

То ин дам сиёсатмадорони Русия чандин бор дар бораи зарурати санҷиши сатҳи дониши забони русӣ зимни қабули хориҷиён ба мактабҳо изҳори назар карда буданд. Ҳоло ин санҷиш барои рад кардани қабули чунин хонандагон ба мактабҳо асос шуда наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ба мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ тавсия додааст, ки на бештар аз се кӯдаки муҳоҷиронро бо дониши бади забони русӣ ба синф ё гурӯҳ қабул кунанд. Ин масъала бо он шарҳ дода мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо самаранокии таълим коҳиш меёбад, зеро агар дар як синф кӯдакони муҳоҷирон бисёр бошанд, забони омӯзгор, ҳамсинфонашон ва маводи таълимиро дуруст намефаҳманд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио