Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола

Мақомоти милитсияи  Суғд занеро барои озору шиканҷаи як кӯдаки 2-сола боздошт кардаанд. Ин зан сокини 47-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, тифле, ки доягӣ мекард, наздики се моҳ мавриди латукуби шадид қарор додааст. Дар  ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Дар гузориш аз ин […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти милитсияи  Суғд занеро барои озору шиканҷаи як кӯдаки 2-сола боздошт кардаанд. Ин зан сокини 47-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, тифле, ки доягӣ мекард, наздики се моҳ мавриди латукуби шадид қарор додааст.

Дар  ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Дар гузориш аз ин зан Мафтуна Аҳмадҷоноваи 47-сола ном бурдаанд, ки фарзанди 2-солаи духтари амакашро бар ивази пул доягӣ мекард

“Модари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, тибқи маслиҳат бояд ба доя ҳар моҳ 15 ҳазор рубли русӣ мефиристод”,- омадааст дар гузориш.

Кормандони мақомоти милитсия тифлро бо дастони баста дар хонаи Мафтуна Аҳмадҷонов дарёфтанд ва маълум шудааст, ки кӯдак дар муддати қариб се моҳ ҳамеша мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтааст.

Худи Мафтуна Аҳмадҷонов дар гузориши РВКд дар вилояти Суғд иқрор мешавад, ки кӯдакро латукӯб мекард. Зан сабаби дуруштӣ ба тифлро ба таъкиди модари кӯдак рабт додааст, ки "вақти фарзандашро супурдан хоҳиш карда буд, ки дар тарбияташ сахтгир шав ва агар беодобӣ кард зан". Таҳти чӣ шароит сабт шудани худиқрории ӯ маълум нест.

Айни замон нисбати ин зан барои азобу уқубат нисбати ноболиғ (қисми 2 моддаи 117) парвандаи ҷвиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳасби пешакӣ қарор дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 3 то 7 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. 

Латукӯби кӯдак аз ҷониби волидайн, наздикон ё парсаторон дар Тоҷикистон падида нав нест. Қаблан, низ нафаорҳои латукӯби кӯдакон ба расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буданд ва барои ин чанд нафар боздошт ва ҳабс шуда буданд. Аз ҷумла, додгоҳи ноҳияи Хуросон як сокини ин ноҳияро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш 8 сол равонаи зиндон карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.