Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд

Дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим як мошини “Тангем” ба дарёи Панҷ чапа шудаааст. КҲФ маълум кардааст, ки дар дохили мошин танҳо ронанда буда, баъди берун овардани мошин ҷасадро пайдо накардаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр дар километри 20-уми шоҳроҳи мазкур, ки аз ҳудуди деҳаи Даштаки ҷамоати Нишуспи […]

Мазҳаб Ҷумаев

Дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим як мошини “Тангем” ба дарёи Панҷ чапа шудаааст. КҲФ маълум кардааст, ки дар дохили мошин танҳо ронанда буда, баъди берун овардани мошин ҷасадро пайдо накардаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр дар километри 20-уми шоҳроҳи мазкур, ки аз ҳудуди деҳаи Даштаки ҷамоати Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ронанда 54-сол дошта, сокини деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон будааст. Ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи автомашинаи тамғаи "Танген"-ро аз даст дода, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон маълум кардаанд, ки дар мошин танҳо худи ронанда қарор дошт, вале баъди берун овардани мошин ҷасади ӯро пайдо накардаанд. 

КҲФ гуфтааст, ки сабабҳои дигари ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додаааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст (492 ҳодиса).

Бар асари ин садамаҳои нақлиёт 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва теъдоди ҳалокшудагон – 22,3% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.