“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 4-уми декабр дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд. Дар ин бора Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО рӯзи 2-юми декабр дар Парагвай шурӯъ шуда, то 7-уми декабри соли 2024 идома меёбад. Дар иҷлосия инчунин намояндагони Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату  меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад. Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни “Меҳргон”, ки ифодагари анҷоми ҷамъоварии ҳосил аст, қарор қабул кард ва он ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил шуд.

Рубоб сози тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Дар Тоҷикистон рубоб сози миллии мусиқӣ ба ҳисоб меравад.

Асосан баъди солҳои 60-ум дар Тоҷикистон навозандагони касбии бомаҳорат дар навохтани рубоб шогирд тайёр намуда, онро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Имрӯз дар мактабҳои мусиқии Тоҷикистон навъҳои гуногуни навохти сози рубоб таълим дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соле пеш дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО се номина аз Тоҷикистон-Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда буданд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй  зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...