Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд

Date:

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо платформаи омӯзишии Smarthub курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ”-ро барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия ва пешниҳод намуд. Хоҳишмандон аллакай аз ин имконият истифода бурда, донишу малакаи худро такмил медиҳанд.

Ин курс мавзӯъҳои муҳимму амалии зеринро дарбар мегирад:

– Чӣ гуна буҷаи шахсӣ ва тиҷоратиро метавон тартиб дод ва самаранок идора кард?

– Кашфи асрори пешбурди тиҷорати муваффақ ва таҳияи аввалин нақшаи тиҷоратӣ.

– Тиҷорати “сабз” ва саҳмгузорӣ дар рушди устувор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ташкили курси мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ аҳаммияти хос дорад, зеро онҳо метавонанд бо омӯзиши ин курс малакаҳои зеринро такмил диҳанд:

– Тавоноии молиявӣ: Бо такмили малакаҳои молиявӣ, метавон сармояи худро идора карда, суботи иқтисодии худ ва оилаи худро таъмин кард.

– Муваффақияти тиҷоратӣ: Баъди хатми курс метавон дарк кард, ки идоракунии дурусти молиявӣ чӣ гуна метавонад тиҷоратро ба сатҳи нав барорад.

– Некӯаҳволии оилавӣ: Маълумоти молиявӣ на танҳо зиндагиро беҳтар мекунад, балки ба насли оянда низ таъсири мусбӣ мерасонад.

– Таъсири ҷамъиятӣ: Муҳоҷирони муваффақ метавонанд ҳамчун намуна барои дигарон хидмат кунанд ва дар рушди иқтисодии ҷомеа саҳм гузоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Курс аз 10 модул иборат аст, ки ҳар кадом ҷанбаҳои муҳимми саводнокии молиявӣ ва соҳибкориро фаро мегирад. Ҳар як модул видеодастурҳо, фаъолияти интерактивӣ ва саволномаҳои амалӣ дорад. Дар охир, шумо бо нақшаи комили тиҷоратӣ курсро хатм мекунед, ки қадами аввалини шумо ба сӯи муваффақият аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...