Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо платформаи омӯзишии Smarthub курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ”-ро барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия ва пешниҳод намуд. Хоҳишмандон аллакай аз ин имконият истифода бурда, донишу малакаи худро такмил медиҳанд. Ин курс мавзӯъҳои муҳимму амалии зеринро дарбар мегирад: – Чӣ гуна буҷаи шахсӣ ва тиҷоратиро метавон тартиб дод ва […]

Пресс-релиз

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо платформаи омӯзишии Smarthub курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ”-ро барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия ва пешниҳод намуд. Хоҳишмандон аллакай аз ин имконият истифода бурда, донишу малакаи худро такмил медиҳанд.

Ин курс мавзӯъҳои муҳимму амалии зеринро дарбар мегирад:

– Чӣ гуна буҷаи шахсӣ ва тиҷоратиро метавон тартиб дод ва самаранок идора кард?

– Кашфи асрори пешбурди тиҷорати муваффақ ва таҳияи аввалин нақшаи тиҷоратӣ.

– Тиҷорати “сабз” ва саҳмгузорӣ дар рушди устувор.

Ташкили курси мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ аҳаммияти хос дорад, зеро онҳо метавонанд бо омӯзиши ин курс малакаҳои зеринро такмил диҳанд:

– Тавоноии молиявӣ: Бо такмили малакаҳои молиявӣ, метавон сармояи худро идора карда, суботи иқтисодии худ ва оилаи худро таъмин кард.

– Муваффақияти тиҷоратӣ: Баъди хатми курс метавон дарк кард, ки идоракунии дурусти молиявӣ чӣ гуна метавонад тиҷоратро ба сатҳи нав барорад.

– Некӯаҳволии оилавӣ: Маълумоти молиявӣ на танҳо зиндагиро беҳтар мекунад, балки ба насли оянда низ таъсири мусбӣ мерасонад.

– Таъсири ҷамъиятӣ: Муҳоҷирони муваффақ метавонанд ҳамчун намуна барои дигарон хидмат кунанд ва дар рушди иқтисодии ҷомеа саҳм гузоранд.

Курс аз 10 модул иборат аст, ки ҳар кадом ҷанбаҳои муҳимми саводнокии молиявӣ ва соҳибкориро фаро мегирад. Ҳар як модул видеодастурҳо, фаъолияти интерактивӣ ва саволномаҳои амалӣ дорад. Дар охир, шумо бо нақшаи комили тиҷоратӣ курсро хатм мекунед, ки қадами аввалини шумо ба сӯи муваффақият аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.