Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд

Asia-Plus

Ҳукумати Русия қоидаҳои нашри маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар рӯйхати шахсони таҳти назоратро дар шабака бо шумули таркиби маълумоти ҷойигиршуда тасдиқ кард. Санади дахлдорро дар ин хусус сарвазир Михаил Мишустин ба имзо расонида, он дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мувофиқи қарори ҳукумати Русия, маълумот дар бораи муҳоҷироне, ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомиланд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия (ВКД) ҳамчун оператори феҳрист дар сомонаи расмии ин ниҳод ҷойгир карда мешавад.

Тибқи ин санад, дастрасии умумӣ ба чунин маълумот пешбинӣ нашудааст: барои дарёфти маълумот фиристодани дархост ба оператори рӯйхат зарур аст.

Танҳо маълумот дар бораи ҳузур доштани (зикри) шаҳрвандони хориҷӣ дар рӯйхат дастрас хоҳад буд.

Маълумот дар сомонаи ВКД Русия дар муддати 24 соат пас аз ворид намудани тағйирот навсозӣ карда мешавад.

Санҷиши маълумот дар бораи шахси мушаххаси хориҷӣ тавассути ворид кардани ном, насаб (фамилия), номи падар, санаи таваллуд ва маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият имконпазир мегардад.

Рӯйхати пурраи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастрас нахоҳад буд, аммо бо ворид намудани маълумоти шахсӣ, дар рӯйхат зикр шудан ё нашудани ӯ фаҳмида мешавад.

Дархостҳо ройгон баррасӣ шуда, натиҷаҳо дар вақти воқеӣ нишон дода мешаванд.

Маълумоти дастрасшуда дар лаҳзаи дархост эътибор дошта, метавонад аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор бидуни маҳдудият истифода шавад.

Қоидаҳо аз 5 феврали соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд.

Лоиҳаи қарор оид ба қоидаҳои ҷойгиркунии маълумот дар нусхаи интернетии рӯйхати шахсони хориҷӣ аз ҷониби ВКД таҳия шудааст.

Коршиноси масоили муҳоҷират Вадим Коженов қаблан дар мусоҳиба бо "Ведомости" зикр карда буд, ки муҳоҷирони ғайриқонунии ба рӯйхат шомилгардида дар Русия “наметавонанд орому осуда зиндагӣ кунанд".

Ба гуфтаи ӯ, корфармо ҳангоми суҳбат бо шахси хориҷӣ метавонад дар рӯйхати шахсони таҳти назорат қарор доштани шаҳрванди хориҷиро санҷад. Масалан, ба муҳоҷироне, ки тӯли се соли охир ду қонуншиканӣ содир кардаанд, метавонанд ба рӯйхат дохил карда шаванд.

Владимир Путин рӯзи 8 августи соли ҷорӣ қонунеро имзо кард, ки тавассути феҳристи шахсони таҳти назорат механизми баҳисобгирии шахсони хориҷиро, ки дар Русия қарор доранд, вале барои будубоши қонунии худ асос надоранд, ҷорӣ мекунад.

Ба ин рӯйхат маълумоти шаҳрванд ё шахси бешаҳрвандӣ аз рӯзи қатъ гардидани асосҳо барои будубоши қонунии ӯ дар Русия, убури ғайриқонунии марз, қабули қарори рад кардани паноҳандагӣ, қатъи шаҳрвандии Русия, бекор кардани раводид ё иҷозаи истиқомат, содир шудани қарор дар бораи камшавии муҳлати будубоши муваққатӣ, ихроҷ, реадмиссия (розигии давлат ба дубора қабул кардани шаҳрвандони худ), номатлуб будани будубош (зист) дар Русия ва ғайра дохил карда мешаванд.

Мувофиқи санади мазкур, пас аз ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ба феҳристи шахсони таҳти назорат, ВКД метавонад макони будубоши муҳоҷирро муайян карда, ҷойгиршавии ӯро тавассути мавқеи ҷуғрофӣ (геолокатсия) пайгирӣ намояд. Кормандони пулис ҳамчунин ба ворид шудан ба манзиле, ки шахси таҳти назорат дар он қарор дорад ё бояд қарор дошта бошад, ҳатто дар ҳолати муқовимат ҳуқуқ хоҳанд дошт.

Шахсе, ки ба феҳристи шахсони таҳти назорат ворид шудааст, аз истифодаи бонкҳо, бақайдгирии амволи ғайриманқул, идораи нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва дигар фаъолиятҳо маҳрум мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...