Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид

Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии “Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё” сарфароз гардидааст. Ҷоиза 3-юми декабр дар маросими Top Asia Corporate Ball 2024, ки дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор гардид, ба Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия супорида шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дода менависад, ки ин ҷоиза эътирофи […]

Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии “Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё” сарфароз гардидааст. Ҷоиза 3-юми декабр дар маросими Top Asia Corporate Ball 2024, ки дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор гардид, ба Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия супорида шудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дода менависад, ки ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Искандаркӯл ва Қарoкӯл аст, ки инъикосгари манзараҳои ҷаззоби табиати Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Маҷаллаи “Top 10 of Asia”, ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, дар асоси фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ба чунин хулоса расидааст.

Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба рушди сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷиҳати муаррифии кишвар ҳамчун яке аз маконҳои пешсаф барои сайёҳони экологӣ баланд арзёбӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан соли 2019 Шоҳроҳи Помир низ ба феҳристи даҳ роҳи зеботарини ҷаҳон шомил шуда буд.

Соли 2018 бошад Помир ба рейтинги ҷаҳонии “100 самти устувори ҷаҳонӣ" ворид шуд ва қаблан дар сархати даҳгонаи аввали рейтинги маҷаллаи амрикоии National Geographi Traveler ҳамчун яке аз беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.