Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress хабар додааст. Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорони […]

Asia-Plus

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress хабар додааст.

Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорони дар бораи таъин ва аломатгузории марз байни ду кишвар гуфтааст, ки айни ҳол наметавонад ҷузъиёти созишномаҳои бадастомадаро бо ҷониби Тоҷикистон ошкор кунад.  

"Ҳоло таҳияи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо идома дорад. Умедворам, ки онҳоро дар моҳи январ ба парлумон пешниҳод мекунем ва дар он ҷо санадро ошкоро ва озодона муҳокима хоҳем кард. Ҳамон вақт маълум мешавад, ки кадом қитъаҳои марзӣ бо кадом шакл тақсим шудаанд", – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Ташиев, ҳоло муҳимтарин масъала ин аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ба созиш расиданд, бо ҳам забон ёфтанд ва мушкилоти сарҳадиро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуданд.

"Мушкилоти ҳалнашудаи сарҳадӣ вуҷуд доштанд, ки сабаби низоъҳо ва мушкилоти зиёд мешуданд. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама дигар пушти сар мондааст," – изҳор доштааст ӯ.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи тавофуқи басдастомада ва шарту шароити ҳосилшуда дар бораи марз бо Қирғизистон иттилое надодааст.

Ҳарчанд ҳафтаи гузашта Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.

Тоҷикистон ба Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ наддоданд.

Дар як наворе, ки баъди ба тавофуқ расидани ҷонибҳо нашр шуд, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд.

Ҳамчунин, онҳо гуфтанд, ки ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.

Рӯзи 13-уми декабр Содир Ҷабборов дар мусоҳибаи худ бо расонаи “Кабар” гуфт, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд ва ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст, бояд усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад.

Вай афзуд, пас аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам боз хоҳанд шуд. Ин гузаргоҳҳо аз соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона, бастаанд.

Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд.

Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.