Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев

Имрӯз Моёншо Назаршоев – арбоби давлатӣ, вакили парлумон ва олими шинохтаи тоҷик умр вафо мекард, 95-сола мешуд. Ӯ замони шӯравӣ роҳбари вилояти Бадахшони Кӯҳӣ буд, баъдтар замони истиқлоли кишвар дар маснади раиси Шӯрои вазирон ва муовини сарвазир фаъолият кард, дар ҷанги шаҳрвандӣ ба таври мармуз кушта шуд. Мо ба муносибати мавлудаш ба рӯзгор ва корномаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Моёншо Назаршоев – арбоби давлатӣ, вакили парлумон ва олими шинохтаи тоҷик умр вафо мекард, 95-сола мешуд. Ӯ замони шӯравӣ роҳбари вилояти Бадахшони Кӯҳӣ буд, баъдтар замони истиқлоли кишвар дар маснади раиси Шӯрои вазирон ва муовини сарвазир фаъолият кард, дар ҷанги шаҳрвандӣ ба таври мармуз кушта шуд. Мо ба муносибати мавлудаш ба рӯзгор ва корномаи мавсуф нигоҳе афкандем.

 

Раҳоварди Моёншо Назаршоев

Моёншо Назаршоев 17-уми декабри соли 1929 дар ноҳияи Шуғнон дар оилаи деҳқон таваллуд шуд. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии ӯ ба давраи сахти таърихӣ рост омад – замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавсозии низоми иҷтимоӣ. Дар мактаби ҳафтсолаи зодгоҳаш таҳсилоти ибтидоӣ гирифт.

Соли 1948 ба Институти педагогии Душанбе (имрӯза Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон) дохил шуд ва онро бо муваффақият хатм кард. Инчунин, дар Донишгоҳи Осиёи Миёна дар Тошкант таҳсил намуд.

Дар соли 1980 диссертатсияи докторӣ дифоъ кард ва соли 1982 унвони профессориро гирифт. Солҳои 1970-1990 ҳамчун проректор дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)  кор карда, ба тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми арзанда гузошт.

Дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла 9 монография нашр намуд. Ба қавли шогирдонаш, Моёншо Назаршоев на танҳо олими барҷаста, балки омӯзгори моҳир низ буд, ки саҳми калон дар тайёр кардан ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногун гузошт.

 

Ёдгориҳое аз роҳбари Бадахшон

Аз соли 1963 то 1967 ӯ роҳбари вилояти Бадахшони Кӯҳӣ (имрӯза ВМКБ) буд. Дар ин давра ӯ тавонист таваҷҷуҳи ҳукумати марказии ИҶШС-ро ба мушкилоти минтақа ҷалб намояд.

Бо дастгирии А.Н. Косигин, сарвазири ИҶШС, ӯ тавонист барои вилоят 200 мошин ва маблағ барои сохтмони стансияи телевизионии “Орбита” дастрас кунад. Соли 1967 бо қарори махсуси ҳукумат барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа дар ин робита чораҳои мушаххас андешида шуданд.

Назаршоев диққати асосиро ба рушди саноат, истихроҷи тилло, лаъл, лоҷварди мармар ва дигар захираҳои зеризаминии Бадахшон медод. Дар ин давра корхонаҳои муҳими саноатӣ – заводи нон, комбинати гӯшту шир ва дигарҳо сохта шуданд.

Хидматҳои Моёншо Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ хело чашмрас гуфта мешавад. Ӯ ҳамчун сарвар – олим кӯшиш бар он дошт, ки дар Бадахшон низ як маркази илмие таъсис ёбад. Бо дастгирии ӯ соли 1969 дар заминаи Боғи ботаникии Помир Институти биологӣ ташкил шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ дар Помир заминаи мустаҳкам гузошт.

 

Дар роҳи сулҳ ҷонашро фидо кард…

Дар солҳои 90-ум, замоне ки Тоҷикистон ба бӯҳрони сахти сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд, Назаршоев яке аз роҳбарони миёнарав ва сулҳҷӯ буд.

Ӯ ҳамчун депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва аъзои президиум борҳо таъкид мекард, ки низоъҳои сиёсиро танҳо бо роҳи музокирот метавон ҳал кард. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ӯ яке аз фаъолтарин аъзое буд, ки зарурати пешгирии фалокати миллиро баён намуд.

Он замон ҳатто Назаршоев пешниҳод кард, ки парлумон ба Шӯрои Олии Русия ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя барои кӯмак дар ворид намудани нерӯҳои нигаҳдории сулҳ муроҷиат намояд.

Ба гуфтаи огоҳон, Моёншо Назаршоев замони ҷанги шаҳрвандӣ бим аз марг надошт ва дар ин давра ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ бисёр сафарҳо анҷом дод. Дар ҳар ҷо ӯ мардумро ба сулҳ, ризоият, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Ӯ кӯшиш мекард, ки сабабҳои асосии низоъро дарк карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намуда, дар гуфтушунидҳо миёни ҳукумат ва мухолифат ироа намояд.

Дар феврали соли 1994, ӯро ба вазифаи муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин карданд. Дар ин вазифа Назаршоев кӯшиш мекард шароити зиндагии мардумро беҳтар кунад ва низоми маорифу тандурустиро таҷдид намояд.

Қарор буд дар оғози апрели ҳамон сол ӯро ба ҳайси сарвари делегатсия барои музокирот бо мухолифин фиристанд. Аммо 10 марти соли 1994 ӯ ваҳшиёна кушта шуд. Ин қатл на танҳо зиёни бузург ба Тоҷикистон буд, балки зарбаи сахт ба умедҳои сулҳ ва оштии миллӣ низ буд.

Ҳоло номи Моёншо Назаршоев чун яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи Тоҷикистон сабт шудааст. Барои посдории номи неки ӯ соли 1999 хона-музеи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур кӯчае ба номи ӯ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.