Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов

Asia-Plus, дар асоси маводи расонаҳо

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия аз боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун гумонар дар содир кардани амали террористӣ дар Москва, ки дар натиҷаи он генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии ин кишвар ҳамроҳи ёвараш Иля Поликарпов ба ҳалокат расид, хабар дод.

Ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ ва Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ), шахси боздоштшуда шаҳрванди Ӯзбекистон буда, мутаваллиди соли 1995 мебошад. Номи ӯ ҳанӯз расман эълон нашудааст.

Ӯ дар деҳаи Черное, ноҳияи Балашиха, вилояти Москва боздошт шудааст, хабар додааст намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк. 

Дар наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ мечархад ва ба гуфтаи мақомоти Русия лаҳзаи иқрори боздоштшуда аст, ӯ мегӯяд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ҷалб шудааст ва барои содир кардани ин ҷиноят ба ӯ 100 ҳазор доллар ва муҳоҷират ба яке аз кишварҳои Аврупо ваъда дода буданд.

Мувофиқи баёнияи расмӣ, гумонбаршуда ба Москва омада, дастгоҳи таркандаи худсохт гирифтааст (аз ҷониби кӣ, мушаххас нашудааст) ва онро дар самокати барқӣ, ки дар назди хонаи Игор Кириллов дар хиёбони Рязани қарор дошт, ҷойгир кардааст. 

Субҳи 17 декабр дар хиёбони Рязан, дар чанд километрии Крмел дастгоҳи таркандае, ки дар самокат гузошта шуда буд, фаъол гардонида шуд. Дар натиҷа Игор Кириллов ва ёвари ӯ ҳалок шуданд. 

“Барои назорати ҷойи зисти генерал, гумонбаршуда мошини каршерингӣ киро карда, дар он камераи назорат насб кардааст. Сабтҳои видеоӣ ба ташкилкунандагони амали террористӣ дар шаҳр Днепр дар вақти воқеӣ ирсол мешуданд. Пас аз гирифтани сигнал дар бораи баромадани низомиён аз даромадгоҳ, дастгоҳи тарканда ба таври фосилавӣ фаъол карда шудааст”,-омадааст дар изҳороти Кумитаи тафтишотии Русия. 

Қаблан, низ  BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишта буд, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст".

Пеш аз нашри ин баёния, манбаъҳои чанд раосна хабар доданд, ки дар робита ба куштори генерал Кириллов ду гумонбаршуда боздошт шудаанд. 

Ба гуфтаи манбаи "Коммерсант", мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи нишондодҳои ҳодиса ба гумонбарон расидаанд. Камераҳои назорат дар макони ҳодиса ду мошини шубҳанокро сабт кардаанд. 

Мувофиқи маълумоти ВАО, ташкилкунандагони ҷиноят тавассути мессенҷерҳо иҷрокунандагонро ҷалб намуда, ба онҳо тамосҳои намояндаи Хадамоти амнияти Украинаро пешниҳод кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол, РИА Новости хабар додааст, Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки дар бораи боздошти шаҳрвандаш дар робита ба амали террористӣ дар Москва, ки дар натиҷаи он Игор Кириллов ҳалок шуд, маълумот надорад.

Кириллови 54-сола аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ яке аз фармондеҳони баландпояи Вазорати дифои Русия ба шумор меравад ва ҳамеша дар робита ба ҷанги Украина бо журналистон суҳбат мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...