Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) рӯзи 24-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар додаанд. Аз ҲАТ гуфтанд, анҷуман бо ширкати намояндагони ҳизб соати 11:00 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он аз кори яксолаи худ натиҷагирӣ мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷумани навбатии […]

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) рӯзи 24-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.

Аз ҲАТ гуфтанд, анҷуман бо ширкати намояндагони ҳизб соати 11:00 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он аз кори яксолаи худ натиҷагирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷумани навбатии ҳизб, инчунин масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо ба он баррасӣ мешавад.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб фаъолият мекунад. Ҳоло дастикам 5 аъзои ҲАТ вакили парлумон мебошанд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад, ки ӯ ҳам вакили парлумон аст.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ягонтоаш номзадҳои худро эълон накардаанд.

То ҳол танҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) эълон кард, ки анҷумани худро рӯзи 20-уми декабр баргузор мекунад ва масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонро баррасӣ мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.