Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст

Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ин шаҳр рафта, дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ аз онҳо даъват кардааст, ки ба таҳлука наафтаанд, зеро тафтиши ин ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст. Ин нахустин вокуниши мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ин кушторҳо дар чанд моҳи охир аст. Дафтари […]

Asia-Plus

Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ин шаҳр рафта, дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ аз онҳо даъват кардааст, ки ба таҳлука наафтаанд, зеро тафтиши ин ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст. Ин нахустин вокуниши мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ин кушторҳо дар чанд моҳи охир аст.

Дафтари матбуотии раиси вилоят навиштааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода як рӯз баъд аз ҳодисаи куштори 4 нафар, 16-уми декабр ба шаҳр рафта, ба сокинони гуфтааст, ки барои пайдо кардани гунаҳкорони ин ҳодисаҳо “беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада, донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд”.

Дафтари матбуотии раиси вилоят эътироф кардааст, ки “давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст”.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки раванди тафтишоти ҳодисаҳо таҳти таваҷҷуҳи “роҳбарияти давлат” қарор дорад ва аз сокинони маҳаллӣ даъват кардааст, ки “зиракиву ҳушёриро аз даст надода, бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ намоянд”.

Ба таъкиди номбурда, бо мақсади дарёфту ошкор кардани гунаҳкорон дар шаҳр ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯча камераҳои назоратӣ ва чароғҳо насб шудааст.

“Сокинонро зарур аст, ки ба таҳлука наафтанд, доимо ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд”,-омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуотии раиси вилоят дар бораи шумораи кушторҳо ва сабабу омилҳои он ҳарфе нашр накардааст.

Зимнан, дирӯз 17-уми декабр Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҳисораки ин шаҳр, маҳалле, ки шаби 15-уми декабр 4 нафарро кушта буданд, рафт.

Дар кӯчаи ба номи Ҷасурбек Шокиров даҳҳо сокинони деҳаи  Ҳисорак барои вохурӣ бо раиси шаҳр ҷамъ омада буданд.

Ҷузъиёти мулоқот маълум нест. Чунки масъулини ҳукумат ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки раисро ҳамроҳӣ мекарданд, нагузоштанд рӯзноманигорон дар  ҷараёни вохурӣ ширкат ва аксбардорӣ кунанд.

Аз моҳи марти имсол то ҳол дастикам дар бораи куштори 7 узви оила, тақрибан 20 нафар хабарҳо нашр шуда буд. Ҳодисаи охир рӯзи 16-умии декабр расонаӣ шуд, ки шахсони номаълум дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) 4 нафар, ду зану ду мардро ба қатл расонидаанд.

Манбаъҳои “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо зану шавҳар ва модару писар буданд.

Аз ин пештар дар бораи қатли 6 узви як оила хабарҳо расида буд, ки 4 нафари онҳо кӯдакон буданд. Ангезаи кушторҳо маълум нест ва ҳамчунин аниқ нест, ки ҳамаи ин кушторҳо ҳалқаи як  занҷираанд ё не.

Ин ҳодисаҳо нигаронии сокинони маҳаллӣ ва наздикони онҳоро дар муҳоҷират ба миён оварданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳодисаҳо вокуниши расмӣ накардаанд. Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, Радиои Озоӣ хабар дод, ки додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Шаӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.