Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми декабр дар Душанбе Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии Х1Х-уми худро баргузор намуда, 5 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли 2025 пешниҳод кард. Раиси ҲДТ ҳамчунин, аз “ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб” нигаронӣ кард.

Дар анҷуман, фаъолияти ҳизб пас аз интихоби раиси нав баррасӣ гардида, ин номзадҳо ба вакилӣ пешниҳод шуданд:

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;

– Солеҳов Фатҳудддин, раиси ҲДТ дар Душанбе;

– Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҲДТ;

– Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд;

– Илёсиддин Саидҷаҳфаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Рашт.

Шаҳбози Аброр зимни суханрониаш гуфт, “марҳалаи ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб ва парокандагӣ дар сафҳои он метавонист ҲДТ-ро чун як сохтори сиёсӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар берун кунад”.

“Вале бархе аз нерӯҳои нав, ки дар дохили ҳизб пайдо шуда буд, дар ҳамроҳӣ бо собиқадорони асил ва аъзои фаъол тавонистанд бо ташкил ва зинда гардондани сохторҳои роҳбарикунанда мавҷудияти ҳизбро ҳифз кунанд”, – таъкид кард раиси кунунии ҳизб.

Нигаронии раиси нави ҲДТ аз ба гурӯҳҳои тақсим шудани ҳизб дар ҳолест, ки ин ин созмони сиёсӣ дар моҳи майи соли равон шоҳиди як тағйироти ҷиддии дохилӣ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари он ва вакили парлумонро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд.

Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.

Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали ӯ дар ҳизб ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲДТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ барои ширкат дар интихоботро эълон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...