ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 28 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли оянда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст. Аксари ин номзадҳо ҷавон буда, танҳо ду-се нафар собиқадорони ҳизб мебошанд. АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, номзадҳо 2 нафар аз ВМКБ, 9 нафар  аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз вилояти Суғд, 6 номзад […]

Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 28 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли оянда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст. Аксари ин номзадҳо ҷавон буда, танҳо ду-се нафар собиқадорони ҳизб мебошанд.

АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, номзадҳо 2 нафар аз ВМКБ, 9 нафар  аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз вилояти Суғд, 6 номзад аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 5 нафар аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар байни номзадҳо 11 зан ва 17 мард мебошад.

“Номзадҳо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла 5 ҳуқуқшинос, 8 иқтисоддон, 5 омӯзгор, 3 адабиётшинос ва дигарон  таърихшинос, технолог, муҳандис, агроном ва мутахасси умури гумрукӣ мебошанд”, – навиштааст “Ховар”.

Аз вакилони ҳозира танҳо номзадии Матробиён Саодатшо пешниҳод шудааст. Аз мансабдорони баландмақом танҳо исми Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро вохӯрдан мумкин аст. Боқимонда, расиони кумитаҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳӣ ва омӯзгорону мансабдорони сатҳи маҳаллӣ мебошанд.

То ҳол танҳо ҲХДТ номзадҳои худро ба интихоботи парлумонии кишвар ки моҳи марти соли оянда баргузор мешавад, пешниҳод кардаст. Ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲДТ ва ҲАТ гуфтанд, ки дар анҷумани навбатии худ номзадҳоро пешниҳод хоҳанд кард.

Номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати ҳафтум  (солҳои 2025-2030):

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио