Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил нашуд

Платформаи таҳлиливу молиявии "HelloSafe"-и Канада бори нахуст Радабанди (индекс)-и шукуфоии кишварҳои ҷаҳон (HelloSafe Prosperity – 2024)-ро пешниҳод кард, ки дар он Тоҷикистон байни 186 давлат бо 30,93 балл зинаи 104-умро касб кард. Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон (29,36 балл, зинаи 114-ум) дар мақоми пасттар аз Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар зинаҳои нисбатан баландтар дар минтақа […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Платформаи таҳлиливу молиявии "HelloSafe"-и Канада бори нахуст Радабанди (индекс)-и шукуфоии кишварҳои ҷаҳон (HelloSafe Prosperity – 2024)-ро пешниҳод кард, ки дар он Тоҷикистон байни 186 давлат бо 30,93 балл зинаи 104-умро касб кард.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон (29,36 балл, зинаи 114-ум) дар мақоми пасттар аз Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар зинаҳои нисбатан баландтар дар минтақа Қазоқистон (47,36 балл, зинаи 49-ум), Ӯзбекистон (35,33 балл, зинаи 86-ум) ва Туркманистон (31,03 балл, зинаи 13-юм) ҷойгир шуда, Русия бо 46,69 балл дар мақоми 50-ум қарор дорад.

Шарҳи баллҳо:

– то 30: кишварҳо бо сатҳи хеле пасти некӯаҳволӣ;

– аз 30 то 40: кишварҳо бо сатҳи пасти некӯаҳволӣ;

– аз 40 то 50: кишварҳо бо сатҳи миёнаи некӯаҳволӣ;

– аз 50 то 60 : кишварҳо бо сатҳи баланди некӯаҳволӣ;

– зиёда аз 60: кишварҳо бо сатҳи хеле баланди некӯаҳволӣ.

Ба 20-гонаи шукуфотарин кишварҳо асосан давлатҳои Аврупо шомиланд: пешсаф Люксембург (86,2 балл)) буда, дар идома Норвегия (85,12) ва Ирландия қарор гирифтаанд, ки иқтидори иқтисодии онҳоро дар ҳамбастагӣ бо нишондиҳандаҳои баланди рушди имконоти инсон ва баробарии даромадҳо нишон медиҳад.

Дар панҷгонаи аввал Қатар ва Сингапур ҳамчун ягона давлатҳои ғайриаврупоӣ қарор доранд. Ин “аз иқтисод ва инфрасохтори дар ҳоли рушд қарордошта”- ин давлатҳо гувоҳӣ медиҳад.

ИМА ва Канада ҷойҳои 18 ва 19-умро касб карда, Фаронса бо нишондоди 60,4 балл дар мавқеи 20-ум қарор дорад. Ин аз «нишондиҳандаи сатҳи баланди некӯаҳволӣ шаҳодат медиҳад, ҳарчанд он нисбат ба кишварҳои Шимоли Аврупо ва баъзе иқтисодҳои дар ҷаораёни рушд қарордоштаи Осиё камтар аст».

Мадагаскар (зинаи 184-ум), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (185-ум) ва Мозамбик (186-ум) дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгир шудаанд.

Шохиси шукуфоии HelloSafe ба 6 нишондиҳандаи калидӣ асос ёфтааст: Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ, маҷмӯи даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, нишондиҳандаи маҷмӯи амонатҳои миллӣ, шохиси рушди инсон, нишондиҳандаи омории сатҳи ба қишрҳо ҷудо шудани ҷомеа ва сатҳи камбизоатӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.