“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи “Внуково”-и Маскавро муваққатан қатъ кардааст. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз ин ниҳод гуфтанд, ҳоло ҳавопаймоҳои ин ширкат танҳо ба фурудгоҳҳои “Домодедово” ва “Жуковский”-и Русия парвоз мекунанд. Аз ин ширкат сабаби қатъи парвозҳо ба “Внукова”-ро шарҳ надоданд ва барои дарёфти […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи “Внуково”-и Маскавро муваққатан қатъ кардааст. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ҳоло ҳавопаймоҳои ин ширкат танҳо ба фурудгоҳҳои “Домодедово” ва “Жуковский”-и Русия парвоз мекунанд.

Аз ин ширкат сабаби қатъи парвозҳо ба “Внукова”-ро шарҳ надоданд ва барои дарёфти маълумоти бештар аз “Азия-Плюс” дархости расмии хаттӣ талаб карданд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи “Крокус” дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар ин кишвар якбора афзуд. Аз фурудгоҳи “Внуково” борҳо муҳоҷирон шикоят карданд, ки онҳоро бидуни шарҳ ба Русия роҳ надоданд ва ба Тоҷикистон баргардонданд.

Охирҳои моҳи июн 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекарданд, бо сабаби норӯшан дар фурудгоҳи “Внуково” аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд. Кормандони фурудгоҳ ба муҳоҷирон гуфта буданд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”.

“Азия-Плюс” бо 3 тан аз ин мусофирони ҳамсӯҳбат шуд ва ҷузъиёти рафту баргашти онҳоро пурсид, ки метавонед онро аз лини ин матлаб хонед.

Ба ғайр аз ягона ширкати ватании “Сомон Эйр”, ҳамчунин ҳавопаймоҳои ду ширкати русӣ “Урал Айрлинес” ва “Ютейр” аз Тоҷикистон ба Русия ва баръккс парвоз анҷом медиҳанд.

Қаблан Парвиз Шодмонзода, раҳбари “Тоҷик Эйр” соли гузашта дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ширкатҳои русӣ ҳар моҳ тақрибан 800 парвоз ба Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” танҳо 100 парвоз дар як моҳ анҷом медиҳанд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иборат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 мебошад. Ин ширкат парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио