Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) 6 узви худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025 пешбарӣ кардааст.

Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи парлумонӣ дар анҷумани охири ҲСТ, ки рӯзи 21-уми декабр дар бинои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Душанбе баргузор гардид, пешниҳод шудаанд.

– Ғулом Ҳалимзода, раиси ҲСТ,

– Муртазо Аҳмадзода, муовини якуми раиси ҲСТ,

– Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, муовинони дигари раиси ҲСТ,

– Маъруф Юсупов, раиси ҲСТ дар вилояти Суғд,

– Майсара Аброқулова, муовини раиси ҲСТ дар шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, ҲСТ дар парлумони кишвар ҳоло танҳо як курсӣ дорад, ки соҳиби он Абдуҳалим Ғаффоров, собиқ раиси ин ҳизб аст. Ӯ аз соли 2004 то моҳи июли ҳамин сол раиси ҳизб буд ва дар се интихоботи президентии ахир дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ вориди рақобат шуда, ҳамеша мағлуб гардидааст. Аммо Ғаффоров 23-июл дар як анҷумани ғайринавбатии ҲСТ аз вазифа рафт ва ба ҷойи ӯ Ғулом Ҳалимзода, як чеҳраи дар саҳнаи сиёсӣ ноошно, ки то ин лаҳза муовини раиси ин ҳизб дар вилояти Суғд буд, раиси ҳизб интихоб шуд.

Ҳизби сотсиалистӣ соли 1996 таъсис ёфтааст. Соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.

Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҲСТ барканор карданд. Вазорати адлия ҳам ҲСТ-ро бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров ба расмият шинохт.

Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил, аксари онҳоро “ҳизбҳои киссагӣ” медонанд ва мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲСТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ ва ҲДТ исми 5 намояндаи хешро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанд рӯз пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...