Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст

Давоми чор соли охир (октябри соли 2020 то сентябри соли 2024) дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико (ИМА) 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардида, 88 нафар ихроҷ шудаанд. Омори мазкур дар як гузориши Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА, ки рӯзи 20-уми декабр нашр шуд, зикр мегардад. Гузориш чор соли охир, аз октябри соли 2020 то 30-юми сентябри соли […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Давоми чор соли охир (октябри соли 2020 то сентябри соли 2024) дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико (ИМА) 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардида, 88 нафар ихроҷ шудаанд.

Омори мазкур дар як гузориши Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА, ки рӯзи 20-уми декабр нашр шуд, зикр мегардад. Гузориш чор соли охир, аз октябри соли 2020 то 30-юми сентябри соли 2024-ро фаро гирифта, омори ҳамаи хориҷиёнеро, ки дар ИМА ҳабс, боздошт ва ихроҷ шудаанд дарбар мегирад.

Мувофиқи ин гузориш, дар ин муддат 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд ва аз онҳо 103 нафар ҳабс ва 88 нафар ихроҷ шудаанд. Тафсилоти қонуншиканиҳои онҳо нашр нашудааст ва танҳо гуфта мешавад, ки сабаби ихроҷу ҳабси шаҳрвандони хориҷӣ нақзи қонун ва меъёрҳои амалкунандаи ин кишвар будааст.

Давоми 12 моҳи охир, ИМА 271 ҳазору 484 нафарро ба 192 кишвар ихроҷ кардааст, ки ин баландтарин нишондод дар даҳсолаи охир будааст.

Қаблан дар моҳи июни соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико 8 зодаи Тоҷикистонро бо гумони иртибот бо ДОИШ* дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Филаделфия боздошт карда буд. Баъдан аз ҷониби мақомоти Амрико се нафари онҳо ба Тоҷикистон ва Русия ихроҷ карда шуданд.

Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.

Азия-Плюс” қаблан қиссаи як ҷавони тоҷике, ки тавассути Мексика ба ИМА рафтааст навишт. Қиссаи ин ҷавони тоҷикро дар матлаби мазкур “Аз Душанбе то Ню-Йорк: Чӣ гуна як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Мексика ҳамчун гуреза ба ИМА ворид шуд”, метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.