Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар вилояти Воронежи Русия дар соли 2025 боз дар чанд соҳаи дигар кор барои муҳоҷиронро манъ карданд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки қарори манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳаҳоҳоро раиси вилоят Александр Гусев рӯзи 28 декабр имзо кардааст.

Акнун муҳоҷирон дар ин вилоят наметавонанд дар соҳаҳои колорасонӣ, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва нигоҳубини беморон фаъолият кунанд.

Муҳоҷирон ҳақ доранд дар ин вилоят танҳо боркашонӣ кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ кунанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки ҳоло дар вазифаҳои барои онҳо манъшуда кор мекунанд, аз кор озод карда мешаванд ё бо дастури раиси вилоят ба корҳои мувофиқ гузаронида мешаванд.

Қабл аз ин тобистони соли 2024 дар вилояти Воронеж барои муҳоҷирон фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва савдои чаканаро манъ карда буданд.

Бояд гуфт, пеш аз ин дар зиёда аз 10 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Маҳдудиятҳои монанд тақрибан дар сеяки минтақаҳои Русия ба роҳ монда шудаанд.

Боз дар кадом минтақаҳои Русия ва дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ шудааст, дар ин матлаби мо хонед.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд. 

Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.

Ба иттилои расмӣ танҳо дар 6 моҳи соли гузашта 17 ҳазор шаҳрванди  Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шуданд. Ҳамчунин, соли гузашта фақат аз шаҳри Маскав 18 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон  ихроҷ карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 6 ҳазор кас бештар будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...