Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт

Аз 1-уми январи соли 2025 нархи парастории кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 144 сомонии қаблӣ имсол 150 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, афзоиши нархи кӯдакистонҳо ба зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз 1-уми январи соли 2025 нархи парастории кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 144 сомонии қаблӣ имсол 150 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, афзоиши нархи кӯдакистонҳо ба зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст. Аз 1-уми январ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 75 сомонӣ (соли 2024-ум 72 сомонӣ буд) баробар шуд.

Нархи парастории кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян гардидааст.

Дар шаҳру навоҳии кӯҳӣ ва дурдаст нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 112,5 сомонӣ аст. Тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 ин маблағ 108 сомониро ташкил медод.

Маблағи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ бояд ғайринақдӣ, тариқи барномаи “Пардохти хушманд” (Smart Pay) пардохт шавад. Масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар сурати маблағи нақд талаб кардан сокинон метавонанд, ки ба вазорат ё шӯъбаҳои он дар шаҳру навоҳӣ шикоят баранд.

“Агар исбот шавад, ки онҳо пули иловагӣ талаб мекунанд, кормандони кӯдакистонҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот хоҳанд шуд”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.

Новобаста аз ин, аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки тибқи қарори махсуси ҳукумати кишвар мақомоти шаҳру навоҳии дурдаст ва кӯҳӣ метавонанд бо назардошти шароити навоҳии худ нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатиро боз ҳам каму беш кунанд, вале ба ҳар сурат он маблағ бояд ғайринақдӣ пардохт карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ба ғайр аз кӯдакистонҳои давлатӣ, инчунин кӯдакистонҳои хусусӣ ҳам амал мекунад, ки ин нархнома ба онҳо рабт надорад. Нархи парасторӣ дар ин кӯдакистонҳо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ва Вазорати маориф ва илм муқаррар мешавад.

Бояд гуфт, ки камбуди кӯдакистон дар музофот ва ба вижа дар манотиқи кӯҳистонии кишвар яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва ҳатто ҳукумати кишвар дар ин робита чораандешӣ дорад.

Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш рӯзи 28-уми декабри соли 2024 масъулинро вазифадор кард, ки дар 5 соли дарпешбуда дар тамоми ҷумҳурӣ бояд 800 кӯдакистон бунёд кунанд, то “50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ”-ро фарогир бошад.

Инчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар панҷсолаи оянда барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки он ҷо 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман 1 муассисаи томакатабӣ бунёд намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.