Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта, 4 январи соли 1964 – расо 60 сол пеш дар таърихи рушди соҳаи саноати Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар корхонаи яхдонсозии Душанбе нахустин намунаи модели маъруфи "Помир" истеҳсол шуд.

Аз ин лаҳза ба баъд таърихи корхонае шурӯъ шуд, ки ба рамзи қудрати саноатии Тоҷикистон табдил ёфт.

Иқтидори истеҳсолии корхона ҳайратовар буд: то 176 ҳазор яхдон дар як сол, беш аз 3 миллион адад дар давраи солҳои 1964-1991. Яхдонҳои боэътимод ва босифати "Помир" ба 15 кишвар, аз ҷумла Аврупо, содир мешуданд.

Корхона натанҳо бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин мекард, балки робитаи иқтисодии ҷумҳуриро бо шарикони хориҷӣ тақвият мебахшид.

Ифтихори саноати Тоҷикистон

Корхонаи яхдонсозии Душанбе бо иштироки мутахассисон аз Ҷумҳурии демократии Олмон (ГДР), Маҷористон (Венгрия) ва Чехословакия сохта шуд. Он ба яке аз бузургтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар корхона беш аз 1000 нафар кор мекарданд ва пойгоҳи истеҳсолии он аз хатҳои истеҳсоли замонавӣ ва таҷҳизоти муосир иборат буд, ки имкон медоданд моделҳои боэътимодро истеҳсол кунанд.

Аз яхдонҳои "Помир" то ҳол дар хонаҳои баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурда, он ёдоварӣ аз замонҳоест, ки саноати ҷумҳурӣ бо суръат ва самарабахш рушд мекард.

Буҳрон ва таназзул

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мушкилоти иқтисодии солҳои 90-ум барои бисёре аз корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи "Помир", фалокатбор шуданд. То соли 1991 истеҳсолот қатъ гардида, корхона барҳам дода шуд. Баъдан саҳҳомӣ шуд.

Талошҳои барқарор кардани корхона ноком шуданд: таҷҳизот фурӯхта шуда, қисме аз биноҳо тахриб ва қаламрави корхона барои истеҳсолоти хурд истифода шуд.

Хотираҳо аз гузашта

Дар суҳбат бо "Азия-Плюс" собиқ корманди корхона Сулаймон Шамсиев бо таассуф ва дилшикастӣ аз дастовардҳои гузашта ёдоварӣ кард:

"Вақте ба харобаҳояш менигарам, мехоҳам гиря кунам. Барои нигоҳ доштани истеҳсолот дар ин ҷо сармоягузориҳои калон лозим набуд. Мо биноҳои омода, таҷҳизот ва коргоҳҳои нав доштем. Лекин ҳамаи инҳоро нобуд карданд".

Имрӯз дар макони корхона коргоҳҳои хурде амал мекунанд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд.

Барои эҳё имкон нест

Иқтисодчиён бар ин назаранд, ки истеҳсоли яхдонҳо дар шароити имрӯза хеле гарон ва рақобатнопазир хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, дар барномаи рушди саноати Тоҷикистон то соли 2025 роҳандозии истеҳсоли техникаи маишӣ пешбинӣ нашудааст.

Танҳо ҳамкории муштарак бо ширкати "Artel"-и Ӯзбекистон метавонист ягона имконияти эҳёи корхона шавад. Аммо бо сабаби фурӯши заминҳои корхона ба шахсони хусусӣ, ин лоиҳа танҳо дар ҳуҷҷатҳо боқӣ монд.

Сулаймон Шамсиев бар ин назар аст, ки эҳёи корхона барои ҳама манфиат оварда метавонад:

"Мо ба кумак ва омӯзиши ҷавонон омодаем. Бекорон дар мо хеле зиёданд ва корхона метавонист ба як макони хуби рушди ҷавонон табдил ёбад".

Имрӯз нишони "Помир" танҳо дар хотираҳо зинда аст, ки аз замонҳои қудрати саноатии минтақа будани Тоҷикистон ёдоварӣ мекунад.

Дар Душанбе яхдонҳои Artel истеҳсол мешаванд

Дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев, дар соҳили дарёи Душанбе, ки ба маркази савдои "Ёвар" наздик аст, корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Artel Avesto Electronics фаъолият мекунад. Корхона ба васлу насби яхдонҳо ва дигар техникаи маишӣ машғул аст, ки тадриҷан дар бозори Тоҷикистон маъруфият касб мекунад.

Маҳсулоти корхона таҳти тамғаи Artel истеҳсол мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...