Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳои боркаш пурзӯр шуд

Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2025 назорати вазн ва андозаи нақлиёти боркаш пурзӯр карда шудааст. Ронандагон вазифадоранд, ки тибқи талаботи мақомоти масъул аз нуқтаҳои назорати вазну андоза гузаранд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, барои вайрон кардани қоидаҳо ҳам ронандагон ва ҳам фиристандагони бор ҷавобгар хоҳанд шуд. Вазорат […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2025 назорати вазн ва андозаи нақлиёти боркаш пурзӯр карда шудааст. Ронандагон вазифадоранд, ки тибқи талаботи мақомоти масъул аз нуқтаҳои назорати вазну андоза гузаранд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёт ба Азия-Плюс иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, барои вайрон кардани қоидаҳо ҳам ронандагон ва ҳам фиристандагони бор ҷавобгар хоҳанд шуд.

Вазорат таъкид кард, ки қаблан Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти назди Вазорати нақлиёти ҶТ расман ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар муроҷиат намуда, хостори риояи меъёрҳои муқарраршуда ҳангоми интиқоли бор тавассути нақлиёт шуда буд.

“Хадамот ҳамчунин гурӯҳҳои корӣ ва сайёр таъсис дода, онҳоро ба корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои ангишт, корхонаҳои коркарди регу шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ равон намуд, то зарурати риояи талаботи тағйироти воридшударо шарҳ диҳанд”, – илова намуданд дар Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар роҳҳои кишвар 30 нуқтаи назорати вазну андоза фаъолият мекунанд, ки бо низоми муосир муҷаҳҳаз шудаанд ва метавонанд вазну андозаи мошинҳои боркашро ҳатто дар суръатҳои баланд – то 120 км/соат чен кунанд.

“Дар ояндаи наздик насби нуқтаҳои иловагии назорат ба нақша гирифта шудааст”, – таъкид намуданд дар Вазорат.

Ин нуқтаҳо дар ду даромадгоҳи Душанбе, дар нуқтаҳои боркашии “Норак” ва “Гулистон”-и минтақаи Кӯлоб, инчунин дар нуқтаи “Қизилқалъа”-и минтақаи Бохтар сохта хоҳанд шуд.

Таъкид шуд, ки ин чораҳо барои дар ҳолати хуб нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва тақвияти амнияти ҳаракат дар роҳ равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои боркаш бо вазни зиёда аз 40 тонна манъ аст. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2024 дар нуқтаҳои вазнченкунӣ вазни зиёда аз 100 ҳазор мошини боркаш санҷида шуд. Зиёда аз 1 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуд. Вайронкунандагон дар маҷмӯъ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ ($320 ҳазор) ҷарима карда шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.