Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд

Asia-Plus

Пагоҳ, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд ва масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории "Kaktus.media"-и Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирони ин кишвар хабар додааст, ки мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Мушаххас гуфта нашудааст, ки ин минтақа дар куҷо аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни раисҷумҳурҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон солҳост бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба аломатгузории сарҳад баҳси марзӣ дорад. Соли гузашта баҳси марзии ин ду кишвар ҳал шуд. Ҳоло Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арафаи ҳалли мушкилоти марзӣ қарор доранд.

Ин ду кишвар рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ надоданд.

Ҳарду кишвар ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд. Вале ҷузъиёти тавофуқи ҳосилшударо ошкор накарданд.

Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон дар як суҳбаташ гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...