Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ мекунанд

Пагоҳ, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд ва масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ мекунанд. Хабаргузории "Kaktus.media"-и Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирони ин кишвар хабар додааст, ки мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Мушаххас […]

Пагоҳ, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд ва масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории "Kaktus.media"-и Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирони ин кишвар хабар додааст, ки мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Мушаххас гуфта нашудааст, ки ин минтақа дар куҷо аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни раисҷумҳурҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон солҳост бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба аломатгузории сарҳад баҳси марзӣ дорад. Соли гузашта баҳси марзии ин ду кишвар ҳал шуд. Ҳоло Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арафаи ҳалли мушкилоти марзӣ қарор доранд.

Ин ду кишвар рӯзи 4-уми декабр эълон карданд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Вале ҳарду ҷониб ҳам дар бораи тафсилоти тавофуқи ҳосилшуда, махсусан дар бораи он ки кадом қитъаҳо бо кадом шарту шароит тақсим шуданд, иттилоъ надоданд.

Ҳарду кишвар ин тавофуқро таърихӣ ва фарогир номиданд. Вале ҷузъиёти тавофуқи ҳосилшударо ошкор накарданд.

Содир Ҷабборов расиҷумҳури Қирғизстон дар як суҳбаташ гуфт, қитъаҳои баҳсии марзӣ байни ду кишвар баробар ё 50 бар 50 тақсим карда шуданд ва баъзе қитъаҳо бо шароити баробар тақсим шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январи соли оянда ҳуҷҷатҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.