Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 ЯНВАР

Соли 1926 – Дар шаҳри Душанбе аввалин мағозаи китобфурӯшӣ бо номи “Китоб” кушода шуд.

Соли 1930 – Шӯрои Комиссарони халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи бақайдгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ қарор қабул кард.

Соли 1952 – Корхонаи механикии Ленинобод мавриди истифода қарор гирифт. Корхона ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, механизмҳои саноатӣ ва таҷҳизоти гуногуни механикӣ машғул буд.

Соли 1993 – Байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 2001 – Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) таъсис дода шуд.

Соли 2016 – Баъди таъмир ва навсозӣ маҷмааи истироҳативу сайёҳӣ ва лижаронии “Сафед-Дара” расман ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Тошканд санади байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро имзо кард. Аз ҷониби Ӯзбекистон санадро муовини сарвазир Элёр Ғаниев имзо намуд.

Соли 2022 – Парлумони Тоҷикистон фиристодани 200 хизматчии ҳарбиро ба Қазоқистон дар доираи рисолати сулҳпарварии СПАД тасдиқ намуд.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон фармон имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ соли 1940 ба ҷодаи адабиёт ворид гардид ва дар жанрҳои шеър, достон ва драма асарҳо офаридааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Гули баҳор”, “Шукуфаҳои аз хун дамида”, достонҳои “Гуфтугӯ бо меҳмон”, “Шаби пеш аз марг”, драмаҳои “Қаҳрамони ҷавон”, “Таркиш” ва асарҳои мансури “Гардиши айём” ва “Конибодом” аст.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ 18 январи соли 2007 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1943 – Мавлуди Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000).

Ҳақназар Ғоиб, шоир ва тарҷумони тоҷик солҳо чун рӯзноманигор фаъолият кард. Хеле барвақт ба шеъргӯӣ оғоз карда, чакидаҳои аввалини эҷодаш дар маҷаллаву рӯзномаҳо рӯйи чоп меомаданд.

Баъдан маҷмӯаҳои ашъораш “Тӯшаи роҳ”, “Рамзи ҳаёт”, “Нафас то бар нафас овози вақт аст”, “Қиссаи аспи хатлӣ”, “Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам” ва дигар маҷмӯаҳо нашр шуданд.

Соли 1950 – Зодрӯзи Муқаддас Набиева, сарояндаи маъруфи тоҷик, яке аз ситораҳои ансамбли “Гулшан”

Муқаддас Набиева зодаи ноҳияи Фархор буда, нахуст ба варзиш машғул ва дар ин ришта таҳсил кардааст. Аммо баъдтар ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор ҳамроҳ шуда, вориди ҷодаи санъат гардид. Соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” суруди “Республикаи ман”-ро иҷро кард.

Муқаддас Набиева дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл навгонӣ ворид кард ва дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод.

“Кӯи ту”, “Хуршеди ҳаёт”, “Нури ман”, “Шарораи хотираҳо”, “Боди сабо”, “Садои дил”, “Ба ишқат интизорам”, “Дили зорам” “Муҳаббат нест бе оташ” аз таронаҳои маҳбуби ӯ буда, дар ин қатор наздик ба 50 таронаи ӯ дар хазинаи санъати тоҷик ҳифз мешаванд.

Муқаддас Набиева 30-юми сентябри соли 1979 дар синни 29-солагӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳангоми сафар дар мавзеи Такфони ноҳияи Айнӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи роҳи тайкардаи Муқаддас Набиева ӯ дар санъат дар ин маводи мо шинос шавед. 

Соли 1965 – Зодрӯзи Шариф Муллоев, олим, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1966 – Мавлуди Шарифмурод Исрофилниё, олим, адабиётшиноси тоҷик.

Шарифмурод Исрофилниё яке аз муҳаққиқони варзидаи адабиёт аст, ки бисёр таҳқиқоти илмиву адабӣ анҷом додааст. Ӯ муаллифи дастикам 7 китоб ва 500 мақолаҳои илмӣ-адабӣ аст.

Солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот фаъолият бурдааст.

Соли 1993 – Зодрӯзи Комроншоҳ Устопирён, варзишгар, ҷудокори тоҷик.

Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2012 дар варзиши самбо куштӣ мегирифт, пас аз он ба варзиши ҷудо рӯй овард.

Ӯ аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст. Аз ҷумла ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст.

Вай ҳамчунин барандаи медалҳои чандинн мусобиқаҳои “Гран-при” ва “Гранд слам” аст.

Ӯ се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок кард, аммо натавонист медал ба даст орад. Пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии Порис дар соли 2024 Комроншоҳ эълон кард, ки корномаи варзишиашро хотима медиҳад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз яке аз ҷашнҳои муҳимтарини пайравони дини насронӣ – Мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мешавад. Он дар беш аз 100 кишвари дунё иди давлатӣ аст.

410 сол пеш дар ин рӯз Галилео Галилей радифҳои Юпитерро кашф кард. Онҳо радифи бузургтарин муштарӣ мебошанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона -4+1º .

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард, рӯзона -3+2º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -4+1º, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, дар баъзе минтақаҳо то 31-33º сард, рӯзона 7-12º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º хунук, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш, рӯзона боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 1-3º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...