Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон бо гумони қочоқи 23 гов ба Тоҷикистон

Ду шаҳрванди Қирғизистонро нерӯҳои марзбонӣ ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар барои кӯшиши ғайриқонунӣ интиқол додани 23 гов ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон рӯзи 4-уми январ хабар дода, навиштаанд, ки онҳо тавассути ноҳияи Лайлаки ин кишвар мехостаанд вориди Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо қасд доштаанд 22 буқа ва […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ду шаҳрванди Қирғизистонро нерӯҳои марзбонӣ ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар барои кӯшиши ғайриқонунӣ интиқол додани 23 гов ба Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон рӯзи 4-уми январ хабар дода, навиштаанд, ки онҳо тавассути ноҳияи Лайлаки ин кишвар мехостаанд вориди Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо қасд доштаанд 22 буқа ва 1 модаговро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон биёранд.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, боздоштшудаҳо ба мақомоти дахлдори Қирғизистон супурда шудаанд.

Бояд зикр кард, ки марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст. Қирғизистон дар пайи низоъи марзӣ бо Тоҷикистон моҳи майи соли 2022 марзҳояшро расман баст ва то ҳол он боз нашудааст.

Мақомдорони тоҷик қаблан баста шудани марз бо Қирғизистонро яке аз омилҳои кам ва ҳатто аз байн рафтани қочоқ номида буданд. Аммо мушоҳида мешавад, ки новобаста ба ин, ҳолатҳои қочоқ сари ҳар чанд вақт сабт мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии хунин дар соли 2022 аз ҷониби кишвари ҳамсоя пурра баста шуд ва то ҳол боз нашудааст.

Тибқи охирин хабарҳо, ҳоло ду кишвар дар марҳилаи охири ҳалли баҳси марзӣ қарор доранд ва дар назар аст, пас аз имзои созишномаи ниҳоӣ, сарҳад боз гардад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва то оғози даргириҳо миёни ду кишвар тақрибан 300 километри он аломатгузорӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, сари чанд муддат ҷангу даъвоҳо барои замин, сохтмон, об ва роҳ сар мезанад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.