Вазорати тандурустӣ гуфт, “Мета Пневмовирус” дар Тоҷикистон сабт нашудааст

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, дар кишвар вазъи санитарӣ – эпидемиологӣ таҳти назорат аст. Бемории нави илтихоби шуш бо номи “Мета Пневмовирус” бори аввал чанде пеш дар Чин саб шуд. Ба он асосан кӯдакони то 14 сола сироят меёбанд. Нишонаҳои гирифторӣ ба ин вирус […]

Asia-Plus

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, дар кишвар вазъи санитарӣ – эпидемиологӣ таҳти назорат аст.

Бемории нави илтихоби шуш бо номи “Мета Пневмовирус” бори аввал чанде пеш дар Чин саб шуд. Ба он асосан кӯдакони то 14 сола сироят меёбанд. Нишонаҳои гирифторӣ ба ин вирус ба зуком ва шамолхӯрии роҳҳои нафас шабеҳ аст.

Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки дар Чин нафарони зиёд ба он олуда, беморхонаҳои кишварро пур кардаанд. Эҳтимоли сироятёбии он ба шаҳрвандони кишварҳои дигар низ мавҷуд аст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол масъулини Қазоқистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карданд, ки гирифторӣ ба ин бемориро сабт кардаанд. Дар Қазоқистон гуфтанд, 30 ҳолати олудагӣ ба вирус сабт гардидааст. Дар Ӯзбекистон омори мушаххасе гуфта намешавад.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон замони хуруҷи ҳамагири коронавирус, бо вуҷуди хабарҳои зиёди расонаҳо аз афзоиши ҳолатҳои марги одамон бо нишонаҳои олудагӣ ба ин беморӣ, яке аз охирин кишварҳои минтақа буд, ки сабти коровирусро дар кишвар этироф кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.