Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафтаи охир аз 7 сомониву 50 дирам ба 7 сомонӣ поин омадааст. Як моҳ қабл нархи гази моеъ дар Тоҷикистон то 8 сомонӣ боло рафт ва дар фурӯши он маҳдудият гузошта шуда буд. 

Чанд ронанда аз пойтахт ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ҳудуди як ҳафта пеш газро 7,5 сомонӣ мехариданд, аз дирӯз, 7-уми январ онро 50 дирам арзонтар, 7 сомонӣ мегиранд.

Дар минтақаҳо ҳам нархи газ каме поин фаромадааст. Ҳоло нархи он дар Хуҷанд ва минтақаи Бохтар 6,90 сомонӣ аст.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ба кишвар бештар аз Русия гази моеъ ворид мешавад ва сабаби арзоншавиаш ҳам ҳамин аст.

“Бо сабаби баъзе маҳдудиятҳо ва боло рафтани нархи газ дар Қазоқистон дар кишвар нархи гази моеъ боло рафта буд. Чун ин кишвар  баъзе маҳдудиятҳо дар фурӯши газ дорад, алҳол Русия яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи газ ба Тоҷикистон мебошад”,-гуфтанд дар вазорат.

Бояд гуфт, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2024 дар кишвар гази моеъ “камчин” шуда буд ва ширкати “Газпром” бо сабаби камбуди гази моеъ дар фурӯши он маҳдудият ҷорӣ карда буд.

Дар пайи ин ронандагон шикоят карданд, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ пайдо карда намешавад ва дар ягон фурӯшгоҳе ҳам агар гази моеъ пайдо кунанд, бо нархи гарон харидорӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки аз оғози нимсолаи дуюми соли 2024 дар Тоҷикистон арзиши гази моеъ – аз 5,80 сомонӣ то 8,30 сомонӣ барои 1 литр (афзоиш ба андозаи 43,1%) боло рафт.

Мувоффиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12,3 ҳазор тонна камтар будааст.

Қобили зикр аст,  ки ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...