Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе

Милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз 5 нафар хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, аз онҳо 127 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира шудааст. Раёсати ВКД дар пойтахт бо нашри  як гузориш гуфт, ин гурӯҳ дар оғози соли ҷорӣ боздошт шудаанд ва ҳамаи онҳо сокинони Душанбе будаанд. Аз онҳо Шамсулло Ҳукуматов, Абдуалим Ғаюров, […]

Милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз 5 нафар хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, аз онҳо 127 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира шудааст. Раёсати ВКД дар пойтахт бо нашри  як гузориш гуфт, ин гурӯҳ дар оғози соли ҷорӣ боздошт шудаанд ва ҳамаи онҳо сокинони Душанбе будаанд.

Аз онҳо Шамсулло Ҳукуматов, Абдуалим Ғаюров, Муҳаммадисо Ғаюров, Зуҳуршо Ҳабибов ва Қудратулло Султонов ном бурда мешавад. Абдуалим Ғаюров ва Муҳаммадисо Ғаюров падару писар будаанд.

Ба иттилои мақоқмот воситаҳои нашъадори аз ин гурӯҳ мусодирашуда 55 кг ҳашиш ва 72 кг афюнро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, роҳбарии ин гурӯҳро Шамсулло Ҳукуматов, сокини 50-солаи пойтахт, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир суд шудааст, ба уҳда доштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ воситаҳо нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷалоби афғонистонӣ қабул карда, “бо ёрии ҳаммаслакони худ ба фурӯш мегузоштааст”.

Худи ӯ дар наворе, ки мақомот нашр кард, мегӯяд, “мо бо як қочоқчии афғон робитаи телефонӣ доштем, баъд ман гуфтам, ки даркор аст (зоҳиран маводи мухаддир дар назар аст, – редаксия). Онҳо ба маҳаллаи 9-ум км оварда монданд. Як бор 20 ва бори дигар 30 кило. Ман расмашро ба Муҳаммадисо партофтам, рафта гирифт”.

Ӯ ҳамчунин, мегӯяд, 1 кг маводи мухаддирро 1200 доллар (13 ҳазору 190 сомонӣ) харида, бо нархи 1500 доларр (16 ҳазору 490 сомонӣ) ба дигарон фурӯхтааст.

Вале маъум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст. Ҳамчунин, дар гузориши мақомот гуфта намешавад, ки маводи мухаддир чӣ гуна аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуд.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандонашон дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Ҳоло ҳамаи онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва бар зиддашон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомот аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб хабар медиҳад. Моҳи августи соли гузашта ҳам пулиси пойтахт аз дастгир шудани як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб иборат аз 4 нафар  дар шаҳри Душанбе ва дарёфту мусодираи 179 килограмм воситаҳои нашъадори навъи "Ҳашиш" иттилоъ дода буд.

Ҳамчунин, ҳафтаи гузашта Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар дод, ки соли 2024 дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” 366 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷаи он 1 тоннаю 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.