Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”

Соли 2024 дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” 366 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷаи он 1 тоннаю 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растании нашъаовари худрӯй сӯзонида, нобуд карда […]

Соли 2024 дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” 366 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷаи он 1 тоннаю 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растании нашъаовари худрӯй сӯзонида, нобуд карда шудаанд.

Ин мусодира, ошкор кардани ҷиноят ва нобудсозии растаниҳои нашъаовари худрӯй дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” аз ҷониби ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.

Вале маълум нест, ки дар доираи ин амалиёт чанд нафар барои муомилоти маводи мухаддир боздошту ҷазо дода шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддинашъа, дар зарфи 6 моҳи соли 2024 дар тамоми ҷумҳурӣ ва аз сӯи ҳама сохторҳои қудратӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Қисми зиёди ин мавод – беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Мақомот мегӯянд, маводи мухаддир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон тавассути гурӯҳҳои нашъаҷаллоб интиқол дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.