Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад

Дастаҳои Суперлигаи Ӯзбекистон ба наздикӣ эълон хоҳанд кард, ки боз бо 3 футболбози мунтахаби Тоҷикистон қарордод бастанд. Дар ин бора рӯзноманигорони Ӯзбекистон хабар медиҳанд. Ин ҷо дар бораи ҳамлагарон Шериддин Бобоев, Шервони Мабатшоев ва Далер Шарипов сухан меравад. Далер Шарипов ҳоло Ӯзбекистонро тарк накарда (дастаи охиринаш – “Металлург”), 2 нафари дигари дар боло зикршуда аз […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дастаҳои Суперлигаи Ӯзбекистон ба наздикӣ эълон хоҳанд кард, ки боз бо 3 футболбози мунтахаби Тоҷикистон қарордод бастанд. Дар ин бора рӯзноманигорони Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Ин ҷо дар бораи ҳамлагарон Шериддин Бобоев, Шервони Мабатшоев ва Далер Шарипов сухан меравад. Далер Шарипов ҳоло Ӯзбекистонро тарк накарда (дастаи охиринаш – “Металлург”), 2 нафари дигари дар боло зикршуда аз Лигаи олии Тоҷикистон ба Суперлигаи кишвари ҳамсоя мераванд.

Дастаҳои нави онҳо баъди чанд рӯз расман маълум мешаванд, лекин ба тими “Шӯртан”-и Гузар гузаштани Далер Шарипов дар рӯзҳои наздик аз эҳтимол дур нест.

Қаблан зикр гардида буд, ки нимҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ҳамчун футболбози озод ба дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах гузаштааст.

Дар “Суғдиён” Эҳсон ҳамроҳи дигар намояндаи мунтахаби футболи Тоҷикистон – ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоев, ки чанде пеш аз тими "Нефтчӣ"-и Фарғона рафт, ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Суғдиён” мавсими гузаштаро дар зинаи сеюми ин мусобиқа ба поён расонд.

Ёдрас мешавем, ки охирин дастаи Эҳсони Пагҷшанбе “Истиқлол”-и Душанбе буд, ки соли гузашта як ҷо бо ин тим қаҳрамони мусобиқоти Лигаи олии Тоҷикистон ва Суперҷоми кишвар шуд.

Қобили зикр аст, ки Эҳсони Панҷшанбе қаблан дар дастаҳои “Вахш”, “Барқчӣ”, “Истиқлол”, “Навбаҳор” (Ӯзбекистон) ва “Зуб Оҳан” (Эрон) бозӣ кардааст. Ӯ аз соли 2016 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, дар 57 бозӣ 5 гол задааст.

“Мо бовар дорем, ки дар ҳайати “Суғдиён” Эҳсони Панҷшанбе ба комёбиҳои нав ноил хоҳад гардид. Ба ӯ дар мавсими нав муваффақият ва пирӯзиҳо орзумандем”, – хабар додаанд дар даста.

Қаблан ҳам дар кишвари ҳамсоя футболбозони тоҷик бозӣ мекарданд ва ҳоло ҳам ба ҳунарнамоӣ дар чанде аз дастаҳои Ӯзбекистон идома медиҳанд.

Ба ҷуз Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров (“Нефтчӣ”), ҳамчунин Даврон Эргашев (“Бунёдкор” ва “Металлург”), Муҳаммадҷон Раҳимов (“Насаф”), Аҳтам Назаров ва Шаҳром Самиев “Андиҷон”) ва дигарон дар Ӯзбекистон бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.